Эҳтимоли ифтитоҳи парвозҳои нав миёни Тоҷикистон ва Туркия

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВзлет самолета, архивное фото
Взлет самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2025
Обуна шудан
Се ширкати ҳавоии Туркия хостори ифтитоҳи парвозҳои иловагӣ аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Туркия шуданд
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Шаҳрҳои Тоҷикистон ва Туркияро парвозҳои нав ба ҳам хоҳанд пайваст.
Ин масъала, зимни вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон - Ҳабибулло Назарзода бо мудири кулли Маъмурияти авиатсияи граждании Туркия Кемал Юксек баррасӣ шудааст.
Дар ин мулоқот ҳамунин роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии "Туркиш Эйрлайнз", “Анадолу Ҷет” ва “Пегасус Эйрлайнз” ширкат кардаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои ифтитоҳи парвозҳо дар самтҳои Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд, Анталия-Душанбе (дар мавсими тобистон) баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин, ҷонибҳо зиёд намудани шумораи парвозҳо дар самти Истанбул-Душанберо муҳокима кардаанд.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2025
Нархи чиптаҳо дар Тоҷикистон арзон мешавад
Ҷониби Туркия ҳамчуниндар масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонии равандҳо ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи гражданӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон авохири моҳи июн аз лағви комили паритет ва баробарии ҳатмӣ дар кор байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ хабар дод.
Сиёсати "осмони боз" дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷорӣ шуда, маҳдудиятҳо дар басомади парвозҳо, шумораи ҷойҳо ва нархи чиптаҳоро лағв мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои 18 самт то се сол боқӣ мондаанд - пас аз он онҳо низ аз рӯи қоидаҳои нав фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан коршиносони байнулмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки усули паритет яке аз сабабҳои аслии набуди рақобат ва дар натиҷа гаронии нархи парвозҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеаи аслии рушди гардишгарӣ дар кишвар будааст.
Лентаи хабарҳо
0