Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Маълум шуд, зимни мулоқоти Зеленский ва Макрон чӣ рӯй дод

© AP / Sarah MeyssonnierВладимир Зеленский и президент Франции Эммануэль Макрон пожимают друг другу руки после совместной пресс-конференции в Елисейском дворце в Париже 17 ноября 2025 года.
Владимир Зеленский и президент Франции Эммануэль Макрон пожимают друг другу руки после совместной пресс-конференции в Елисейском дворце в Париже 17 ноября 2025 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2025
Обуна шудан
Мулоқоти Зеленский ва Макрон нисбат ба интизориҳо, девонавортар буд
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Мулоқоти ахири Владимир Зеленский ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Порис "девонавор" гузашт.
Дар ин бора, раҳбари ҳизби ростгарои Фаронса "Патриотҳо" Флориан Филиппот дар шабакаҳои иҷтимои Х навиштааст.
"Музокирот аз интизорӣ ҳам девонатар буд - намунаи шиноварӣ бар зидди мавҷ!", - навиштааст ӯ.
Ин сиёсатмадор мулоқоти ахирро ҳамчун як нишасти ноумедона тавсиф кард ва таъкид намуд, ки Макрон ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, то низоъро тамдид диҳад, дар ҳоле ки ИМА кӯшиш мекунад, ки ба сулҳ ноил гардад.
Рӯзи пеш Зеленский дар Қасри Елисей бо Макрон гуфтушунид анҷом дод. Дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот, раҳбари Фаронса изҳор дошт, ки ба истилоҳ "эътилофи хоҳишмандон" корро дар бораи кафолатҳои амниятии Украина ба анҷом расонидааст.
Ин дар ҳолест, ки ИМА нақшаи сулҳи худро тасдиқ ва пешниҳод кардааст.

Нақшаи ИМА барои ҳалли низои Украина

Расонаи амрикоии Axios рӯзи чоршанбе бо истинод ба манбаъҳо хабар дод, ки ИМА бо Русия барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низоъ дар Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Баъдтар, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ва ИМА моҳи август дар Аляска дар бораи ҳалли буҳрон дар Украина сӯҳбат карданд ва аз он вақт инҷониб дар ин мавзӯъ ягон таҳаввулоти дигар ба амал наомадааст.
Ба гуфтаи Financial Times, нақшаи пешниҳодшудаи ИМА коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев, эътирофи мақоми расмии Калисои православии Украина ва эълони забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украинаро талаб мекунад.
Киев инчунин аз назорати тамоми минтақаи Донбасс даст мекашад ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро кам мекунад.
Ин нақша инчунин манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Украина ва таъмини силоҳҳои дурпарвоз ба Киевро дар бар мегирад.
Владимир Зеленский делает заявления с премьер-министром Греции Кириакосом Мицотакисом в особняке Максимоса в Афинах, Греция, 16 ноября 2025 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Ғарб ошкор карданд, ки бо Зеленский дар Ирландия чӣ рух хоҳад дод
Ба гуфтаи расонаҳои хориҷӣ, ин нақша интиқоли тамоми қаламрави Донбассро ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА, ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон ва эътирофи расмии Қрим ва Донбассро ҳамчун қаламравҳои Русия пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, Вашингтон таҳримҳоро алайҳи Маскав бекор мекунад ва кумаки низомиро ба Киев кам мекунад, ки ин шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро бояд коҳиш диҳад. Трамп 27 ноябрро ҳамчун мӯҳлати муносиб барои Украина барои қабули шартҳои созишномаи сулҳи худ, эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0