https://sputnik.tj/20251202/gharb-zelenskiy-irlandiya-1073456957.html
Дар Ғарб ошкор карданд, ки бо Зеленский дар Ирландия чӣ рух хоҳад дод
Дар Ғарб ошкор карданд, ки бо Зеленский дар Ирландия чӣ рух хоҳад дод
Sputnik Тоҷикистон
Зеленский метавонад бинобар тафтишоти нави Бюрои зидди фасод дар Ирландия бимонад
2025-12-02T11:55+0500
2025-12-02T11:55+0500
2025-12-02T12:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир зеленский
аврупо
иттиҳоди аврупо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073043432_0:639:2048:1791_1920x0_80_0_0_c6382dd5946a8715608d98a842234198.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Владимир Зеленский метавонад дар Ирландия бинобар тафтишоти нави Бюрои зидди фасод бимонад.Дар ин бора, таҳлилгари Маркази Маҷористон оид ба ҳуқуқҳои бунёдӣ, Золтан Кошкович, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X навиштааст.Ин коршинос инчунин бовар дорад, ки Ирландия метавонад барои дароз кардани низоъ дар Украина алайҳи Зеленский иғвоангезӣ анҷом диҳад. Ҷумъаи гузашта, вакили парлумон Ярослав Железняк аз Верховная Рада эълон кард, ки Бюрои миллии мубориза алайщи фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза бо коррупсия дар хонаи Андрей Ермак дар пасманзари ҷанҷоли коррупсионӣ дар бахши энергетикии Украина кофтуков анҷом доданд. Тибқи иттилои Укринформ, кормандони бюро пас аз кофтуков ба касе айбнома пешниҳод накардаанд. Дертар дар ҳамон рӯз Зеленский эълон кард, ки Ермак, ки инчунин гурӯҳи музокиротиро барои ҳалли низоъ дар Украина роҳбарӣ мекард, истеъфои худро пешниҳод кардааст ва ин истеъфо пазируфта шудааст.Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин, ки 21 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия суханронӣ карда, изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия ба таври ҷиддӣ муҳокима нашудааст.Вай изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол орзуи "шикасти стратегӣ"-иРусияро дар майдони ҷанг доранд.Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо бо набудани маълумоти объективӣ дар бораи вазъи воқеии корҳо дар майдони ҷанг алоқаманд аст.
https://sputnik.tj/20251130/faronsa-amaliyot-makron-najot-zelenskiy-1073407809.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073043432_0:592:2048:2128_1920x0_80_0_0_55e7c0e7c11a79c4e534c506a794ee7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, ирландия,
Дар Ғарб ошкор карданд, ки бо Зеленский дар Ирландия чӣ рух хоҳад дод
11:55 02.12.2025 (Навсозишуда: 12:00 02.12.2025) Зеленский метавонад бинобар тафтишоти нави Бюрои зидди фасод дар Ирландия бимонад
ДУШАНБЕ, 2 дек - Sputnik. Владимир Зеленский метавонад дар Ирландия бинобар тафтишоти нави Бюрои зидди фасод бимонад.
Дар ин бора, таҳлилгари Маркази Маҷористон оид ба ҳуқуқҳои бунёдӣ, Золтан Кошкович, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X навиштааст.
"Бо эҳтимоли зиёд, ӯ дигар барнагардад", - навишт ӯ.
Ин коршинос инчунин бовар дорад, ки Ирландия метавонад барои дароз кардани низоъ дар Украина алайҳи Зеленский иғвоангезӣ анҷом диҳад.
Ҷумъаи гузашта, вакили парлумон Ярослав Железняк аз Верховная Рада эълон кард, ки Бюрои миллии мубориза алайщи фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза бо коррупсия дар хонаи Андрей Ермак дар пасманзари ҷанҷоли коррупсионӣ дар бахши энергетикии Украина кофтуков анҷом доданд.
Тибқи иттилои Укринформ, кормандони бюро пас аз кофтуков ба касе айбнома пешниҳод накардаанд.
Дертар дар ҳамон рӯз Зеленский эълон кард, ки Ермак, ки инчунин гурӯҳи музокиротиро барои ҳалли низоъ дар Украина роҳбарӣ мекард, истеъфои худро пешниҳод кардааст ва ин истеъфо пазируфта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин, ки 21 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия суханронӣ карда, изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия ба таври ҷиддӣ муҳокима нашудааст.
Вай изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол орзуи "шикасти стратегӣ"-иРусияро дар майдони ҷанг доранд.
Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо бо набудани маълумоти объективӣ дар бораи вазъи воқеии корҳо дар майдони ҷанг алоқаманд аст.