Дар Тоҷикистон бемориҳои сироятӣ афзоиш ёфт: Омори тоза

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкТесты в лаборатории. Иллюстративное фото
Тесты в лаборатории. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2025
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши бемориҳои сироятӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ хабар додааст
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар моҳҳои январ – августи соли равон аз рўи маълумотҳои омори ҷорӣ 19 ҳазору 419 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон дар истинод ба маълумотҳои ахири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1% бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 45,2% шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст.
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик: аз бемориҳои сироятӣ худро ҳифз кунед
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири тӣандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ қайд карда буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ӯ зикр кард, ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ бештар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони соҳаи тандурустӣ ва кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим кӯмак кард.
Лентаи хабарҳо
0