Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Рада аз қарори Зеленский дар бораи музокирот шадидан интиқод кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкУкраинская делегация на переговорах с представителями России во дворце Чираган в Стамбуле. Третий справа: секретарь Совета нацбезопасности и обороны Украины Рустем Умеров.
Украинская делегация на переговорах с представителями России во дворце Чираган в Стамбуле. Третий справа: секретарь Совета нацбезопасности и обороны Украины Рустем Умеров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2025
Обуна шудан
Вакили парлумони Украина Арев, таъйин намудани Умеровро ба ҳайси роҳбари ҳайати музокирот бо Иёлоти Муттаҳида маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ба гуфтаи рӯзномаи The Washington Post, таъйин наумадни Рустем Умеров, котиби Шӯрои амният ва дифоъ Украина ба ҳайси роҳбари ҳайати музокира дар ИМА аз ҷониби Владимир Зеленский, норозигии вакилони Рада (парлумон)ро ба бор овардааст.
"Ман хулосаҳоеро, ки Зеленский баровардааст, намебинам. Ӯ як мақоми фасодзадаро аз кор ронд ва дигареро ба ҳайси роҳбари гурӯҳи музокира таъйин кард", - гуфт вакили парлумон Владимир Арев.
Вай бар ин назар аст, ки Зеленский бояд ба тағйироти воқеии зарурӣ дар ҷомеаи Украина мутобиқ шавад, на ин ки шахсони содиқро таъин кунад ва мутахассисонро нодида гирад.
Ба гуфтаи нашрия, раҳбари режими Киев номзадеро барои иваз кардани Андрей Ермак, ки дар пайи як моҷарои фасод аз мақомаш истеъфо додааст, ҷустуҷӯ дорад.
Зеленский бо хатари сиёсӣ рӯбарӯ аст, зеро моҷарои коррупсия мушовири аршади ӯро фурӯ бурд, менависад The Washington Post - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2025
Зеленский бо хатари сиёсӣ рӯбарӯ аст, зеро моҷарои коррупсия мушовири аршади ӯро фурӯ бурд, менависад The Washington Post.
Рӯзи шанбеи гузашта Владимир Зеленский Рустем Умеров, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украинаро, ба ҳайати музокирот бо Русия ва Иёлоти Муттаҳида, таъйин кард.
Баъдтар Умеров эълон кард, ки намояндагони ҳайати Украина аллакай барои музокирот ба Иёлоти Муттаҳида мераванд. Зеленский инчунин амр дод, ки ба онҳо дастурҳои махфӣ дода шаванд.
Рӯзи ҷумъа Зеленский истеъфои сардори дастгоҳи худ Ермакро эълон кард. Дар ҳамон субҳ дар хона ва дафтари кории ин мақомдор амалиёти ҷустуҷӯӣ гузаронида шуданд. Тавре ки баъдтар Укринформ бо истинод ба Бюрои миллии мубориза бо фасоди Украина (NABU) хабар дод, детективҳо айбнома пешниҳод накарданд.
Лентаи хабарҳо
0