https://sputnik.tj/20251014/limit-tamir-khati-barq-dehot-sugd-barq-1072080840.html
Лимит ё таъмири хати барқ: Чаро дар деҳоти Суғд барқ нест?
Лимит ё таъмири хати барқ: Чаро дар деҳоти Суғд барқ нест?
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони аксари рустоҳои назди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз қатъи нерӯи барқ нигаронанд
2025-10-14T14:59+0500
2025-10-14T14:59+0500
2025-10-14T15:07+0500
sputnik тоҷикистон
барқ
энергетика
суғд
панҷакент
лимити барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064436258_0:71:1350:830_1920x0_80_0_0_aeac5686f3ef9fe379eb0d8f359e6e2c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сокинон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ба манзилҳои онҳо шабонарӯзӣ 12-14 соат барқ дода намешавад. Сокинон шикоят доранд, ки қатъи барқ ба кору зиндагии онҳо дар деҳот таъсири манфӣ мегузорад.Ба гуфтаи Оламафрӯз Ҳоҷиев, як соҳибкори деҳаи Зерҳисор, деҳаи онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегирад.Вай ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, “Рӯзона аз соати 4 и субҳ то соати 08:00 ва аз соати 14 и баъд аз зуҳр то соати 20:00 барқ медиҳанд, дигар вақт интиқоли барқро қатъ мекунанд”Ӯ дар дар маркази деҳаи Зерҳисори шаҳри Панҷакент як мағозаи хурокворӣ фаъол кардааст. Аммо соҳибкор қайд мекунад, ки қатъи нерӯи барқ ба тиҷорати мағоза таъсири манфӣ мерасонад.Сокинони рустоҳои дигари атрофи шаҳри Панҷакент низ аз қатъи барқ шикоят мекунанд.Ба гуфтаи сокин Ғайрат Раҳматуллоев, дар рустои ӯ дар нимаи моҳи сентябр қатъи нерӯи барқ оғоз шуд, аммо то ҳол ҳеҷ созмоне расман дар ин бора хабар надодааст.“Ҳудуди як моҳ мешавад, ки вазъ давом давом дорад. Нозирони идораи барқ дар маҳалҳо ин вазъро пештар ба таъмири хатҳои барқӣ шарҳ дода буданд. Рӯзона ку таъмирро фаҳмидан мумкин, аммо шабона чи гуна таъмир сурат мегирад, ки то саҳар боиси қатъи барқрасонӣ мешавад, инро ман тасаввур карда наметавонам” – мегуяд, Раҳматуллоев.Дар шароите, ки қариб ҳамачиз электронӣ шудааст, бидуни барқ ба корандозии асбобу таҷҳизотҳои рӯзғордорӣ аслан фаъол карда намешаванд.Чунин вазъият дар деҳаҳои Вору, Зимту, Некнот, Зерҳисор ва Кулолӣ низ чой дорад, ки дар як шабонаруз хамагӣ 8—10 соат барқ дода мешавад.Вазъият дар деҳаи Панҷрӯд то андозае беҳтар аст, ки чанде қабл як соҳибкор неругоҳи барқи обиро, ки солҳои тӯлонӣ бекор буд, дубора ба кор андохтааст.Нерӯгоҳи барқи обиро Насриддинов ва чанд соҳибкори дигари маҳаллӣ ҳанӯз соли 2011 сохта буданд, вале бо гузашти 5 сол ба далели аз кор мондани қисмҳои эҳтиётӣ ин нерӯгоҳ аз фаъолият бозмонд. Мушкилот пас аз ҳашт сол ҳал шуд. Иқтидори ин нерӯгоҳи барқиобӣ 500 кВт соат барои равшан кардани хонаҳо, ҷойҳои корӣ ва кӯчаҳои деҳа, ки беш аз 5000 нафар аҳолӣ дорад, кифоя аст.Соҳибкор Мардон Насриддинов ва муассиси НБО “Панҷрӯд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нерӯгоҳ имкон дорад, фаслҳои тирамоҳу зимистон, ки одатан барқрасонӣ дар шароити рустоҷойҳо мушкил мегардад, аҳолии як деҳаи “Панҷакент” ро 24 соат пурра бо барқ таъмин намояд.Ба фарқ аз дигар рустоҳои вилояти Суғд, Панҷрӯд ҳоло 24 соат барқ дорад.Аюб Каримов, муовини директори мактаби № 27 и деҳаи Панҷрӯд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегуяд, барқ дар мактабҳо барои хуб ҷараён гирифтани дарсҳо ва махсусан машғулиятҳои технологиву кампютерӣ хеле муҳим аст. Бидуни барқ баланд бардоштани сифати таълиму тарбия хеле душвор аст.“Имрӯз хушбахтона дар мактаби мо барқ ҳаст ва кампютерҳо ва тахтаҳои электронӣ фаъол ҳастанд ва толибилмон аз ин имкон истифода бурда нозукиҳои технологияи муосирро аз худ карда истодаанд” – зикр кард, Каримов.Муовини директор мегуяд, соли қаблӣ дар чунин шабурӯз онҳо дар мактаб мушкили бебарқиро паси сар мекарданд ва гармкунии синфхонаҳо умдатан тавассути печҳо бо ангишту ҳезум сурат мегирифт.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/45560
https://sputnik.tj/20250818/usmonzoda-faoliyat-shabakaho-barq-sughd-1070105131.html
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/17/1064436258_75:0:1275:900_1920x0_80_0_0_f47e116c4195d554d48419aa6ef886b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, лимит, барқ, панҷакент, суғд, энергетика, нерӯи барқ
тоҷикистон, лимит, барқ, панҷакент, суғд, энергетика, нерӯи барқ
Лимит ё таъмири хати барқ: Чаро дар деҳоти Суғд барқ нест?
14:59 14.10.2025 (Навсозишуда: 15:07 14.10.2025) Эксклюзив
Сокинони аксари рустоҳои назди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз қатъи нерӯи барқ нигаронанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сокинон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ба манзилҳои онҳо шабонарӯзӣ 12-14 соат барқ дода намешавад. Сокинон шикоят доранд, ки қатъи барқ ба кору зиндагии онҳо дар деҳот таъсири манфӣ мегузорад.
Ба гуфтаи Оламафрӯз Ҳоҷиев, як соҳибкори деҳаи Зерҳисор, деҳаи онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 10 соат барқ мегирад.
Вай ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, “Рӯзона аз соати 4 и субҳ то соати 08:00 ва аз соати 14 и баъд аз зуҳр то соати 20:00 барқ медиҳанд, дигар вақт интиқоли барқро қатъ мекунанд”
Ӯ дар дар маркази деҳаи Зерҳисори шаҳри Панҷакент як мағозаи хурокворӣ фаъол кардааст. Аммо соҳибкор қайд мекунад, ки қатъи нерӯи барқ ба тиҷорати мағоза таъсири манфӣ мерасонад.
“Дар мағоза тибқи талабот ва дархости муштариён хариддории тухму гӯшту ҳасибҳоро муҳайё кардааст, аммо дар ҳолати қатъи барқ, ки яхдонҳо аз кор мемонанд, нигоҳдории ин қабил маҳсулотҳо ҳам душвор мегардад” – гуфт, Ҳоҷиев.
Сокинони рустоҳои дигари атрофи шаҳри Панҷакент низ аз қатъи барқ шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи сокин Ғайрат Раҳматуллоев, дар рустои ӯ дар нимаи моҳи сентябр қатъи нерӯи барқ оғоз шуд, аммо то ҳол ҳеҷ созмоне расман дар ин бора хабар надодааст.
“Ҳудуди як моҳ мешавад, ки вазъ давом давом дорад. Нозирони идораи барқ дар маҳалҳо ин вазъро пештар ба таъмири хатҳои барқӣ шарҳ дода буданд. Рӯзона ку таъмирро фаҳмидан мумкин, аммо шабона чи гуна таъмир сурат мегирад, ки то саҳар боиси қатъи барқрасонӣ мешавад, инро ман тасаввур карда наметавонам” – мегуяд, Раҳматуллоев.
Дар шароите, ки қариб ҳамачиз электронӣ шудааст, бидуни барқ ба корандозии асбобу таҷҳизотҳои рӯзғордорӣ аслан фаъол карда намешаванд.
Чунин вазъият дар деҳаҳои Вору, Зимту, Некнот, Зерҳисор ва Кулолӣ низ чой дорад, ки дар як шабонаруз хамагӣ 8—10 соат барқ дода мешавад.
Вазъият дар деҳаи Панҷрӯд то андозае беҳтар аст, ки чанде қабл як соҳибкор неругоҳи барқи обиро, ки солҳои тӯлонӣ бекор буд, дубора ба кор андохтааст.
Нерӯгоҳи барқи обиро Насриддинов ва чанд соҳибкори дигари маҳаллӣ ҳанӯз соли 2011 сохта буданд, вале бо гузашти 5 сол ба далели аз кор мондани қисмҳои эҳтиётӣ ин нерӯгоҳ аз фаъолият бозмонд. Мушкилот пас аз ҳашт сол ҳал шуд. Иқтидори ин нерӯгоҳи барқиобӣ 500 кВт соат барои равшан кардани хонаҳо, ҷойҳои корӣ ва кӯчаҳои деҳа, ки беш аз 5000 нафар аҳолӣ дорад, кифоя аст.
Соҳибкор Мардон Насриддинов ва муассиси НБО “Панҷрӯд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нерӯгоҳ имкон дорад, фаслҳои тирамоҳу зимистон, ки одатан барқрасонӣ дар шароити рустоҷойҳо мушкил мегардад, аҳолии як деҳаи “Панҷакент” ро 24 соат пурра бо барқ таъмин намояд.
“Мо ҳама мушкили барқрасонӣ дар кишвар эҳсос мекунем. Ин вазъ маро ҳамчун як соҳибкор водор намуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиати пурғановати кишаварамон НБО “Панҷрӯд” ро дубора фаъол намоем ва ба ин васила саҳми худро дар рӯшноии мардуми шарифи кишвар ва рушди соҳаи энергетика гузорем” – гуфт ӯ
Ба фарқ аз дигар рустоҳои вилояти Суғд, Панҷрӯд ҳоло 24 соат барқ дорад.
Аюб Каримов, муовини директори мактаби № 27 и деҳаи Панҷрӯд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мегуяд, барқ дар мактабҳо барои хуб ҷараён гирифтани дарсҳо ва махсусан машғулиятҳои технологиву кампютерӣ хеле муҳим аст. Бидуни барқ баланд бардоштани сифати таълиму тарбия хеле душвор аст.
“Имрӯз хушбахтона дар мактаби мо барқ ҳаст ва кампютерҳо ва тахтаҳои электронӣ фаъол ҳастанд ва толибилмон аз ин имкон истифода бурда нозукиҳои технологияи муосирро аз худ карда истодаанд” – зикр кард, Каримов.
Муовини директор мегуяд, соли қаблӣ дар чунин шабурӯз онҳо дар мактаб мушкили бебарқиро паси сар мекарданд ва гармкунии синфхонаҳо умдатан тавассути печҳо бо ангишту ҳезум сурат мегирифт.