https://sputnik.tj/20251129/mirzonabot-omoda-vmkb-zimistonguzaroni-1073362467.html
Мушкилот нест: Мирзонабот аз омода будани ВМКБ ба давраи зимистонгузаронӣ гузориш дод
Мушкилот нест: Мирзонабот аз омода будани ВМКБ ба давраи зимистонгузаронӣ гузориш дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ВМКБ аз омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистонгузаронӣ хабар дод
2025-11-29T10:32+0500
2025-11-29T10:32+0500
2025-11-29T10:32+0500
дар тоҷикистон
вмкб
зимистон
омодагиҳо
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_0:30:1761:1021_1920x0_80_0_0_703966a5f44d852f418f364404a44334.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Соҳаҳои иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи зимистонгузаронӣ омодаанд.Дар ин бора раиси вилоят, Алишер Мирзонабот зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ хабар дод, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.Ин ҷаласа таҳти раёсати муовини сарвазир Усмонзода Усмоналӣ тариқи маҷозӣ доир гардидааст.Дар ҷаласа, масъалаи иҷрои қарор “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳву зимистони солҳои 2025-2026" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.Раиси вилоят зимни ҳисоботи худ аз моода будани тамоми соҳаҳои ҷитимоӣ барои гузаронидани фасли сармо гузориш дод.Усмонзода дар анҷоми ҷаласаи маҷозӣ ба раиси ВМКБ, аъзоёни ситоди вилоятӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои иловагӣ додааст.Бояд гуфт, ки мушкили асосӣ дар давраи зимистонгузаронгӣ барои як вилояти кӯҳсор чун ВМКБ, таъминоти барқ аст.Дар ҳамин ҳол, пештар намояндаи ширкати “Помир энерҷи” Хоҷамир Қурбонбеков изҳори боварӣ намуд, ки бо ба истифода қарор гирифтани НБО “Себзор” ва аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо ҳам, танқисии барқ ба мушоҳида нахоҳад расид.Феълан дар вилоят бунёди 13 неругоҳи хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва сохтмони онҳо то охири соли 2025 ба анҷом мерасад.
https://sputnik.tj/20250908/oyo-zimistoni-imsol-dar-vmkb-limiti-barq-jori-meshavad-posukhi-maqomot-1070939505.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/04/1052629674_75:34:1586:1167_1920x0_80_0_0_4ecce174fe4fbe386d9c1fc43ab42871.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб, зимистонгузаронӣ
Мушкилот нест: Мирзонабот аз омода будани ВМКБ ба давраи зимистонгузаронӣ гузориш дод
Мақомоти ВМКБ аз омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистонгузаронӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 ноя - Sputnik. Соҳаҳои иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи зимистонгузаронӣ омодаанд.
Дар ин бора раиси вилоят, Алишер Мирзонабот зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ хабар дод, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ин ҷаласа таҳти раёсати муовини сарвазир Усмонзода Усмоналӣ тариқи маҷозӣ доир гардидааст.
Дар ҷаласа, масъалаи иҷрои қарор “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтаззам ва самарабахш дар давраи тирамоҳву зимистони солҳои 2025-2026" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.
Раиси вилоят зимни ҳисоботи худ аз моода будани тамоми соҳаҳои ҷитимоӣ барои гузаронидани фасли сармо гузориш дод.
"Ба ҳолати имрӯза таъминоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи асосии ғизоӣ аз ҷумла орд, равган, шакар, картошка, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озукаворӣ ба пуррагӣ таъмин буда дар ин самт мушкилот вуҷуд надорад", - гуфтааст Мирзонабот.
Усмонзода дар анҷоми ҷаласаи маҷозӣ ба раиси ВМКБ, аъзоёни ситоди вилоятӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 супоришҳои иловагӣ додааст.
Бояд гуфт, ки мушкили асосӣ дар давраи зимистонгузаронгӣ барои як вилояти кӯҳсор чун ВМКБ, таъминоти барқ аст.
Дар ҳамин ҳол, пештар намояндаи ширкати “Помир энерҷи” Хоҷамир Қурбонбеков изҳори боварӣ намуд, ки бо ба истифода қарор гирифтани НБО “Себзор” ва аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо ҳам, танқисии барқ ба мушоҳида нахоҳад расид.
Феълан дар вилоят бунёди 13 неругоҳи хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва сохтмони онҳо то охири соли 2025 ба анҷом мерасад.