https://sputnik.tj/20250908/oyo-zimistoni-imsol-dar-vmkb-limiti-barq-jori-meshavad-posukhi-maqomot-1070939505.html
Оё зимистони имсол дар ВМКБ лимити барқ ҷорӣ мешавад: посухи мақомот
Оё зимистони имсол дар ВМКБ лимити барқ ҷорӣ мешавад: посухи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар ВМКБ, ширкати "Помир энерҷӣ" бовар дорад, ки зимистони имсол мардуми ин вилоят бо барқ таъмин хоҳад шуд
2025-09-08T09:30+0500
2025-09-08T09:30+0500
2025-09-08T09:30+0500
ширкати "помир энержӣ"
истеҳсоли нерӯи барқ
дар тоҷикистон
вмкб
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_0:158:3081:1891_1920x0_80_0_0_23fb7fb2ff8b29e8eae97d24b20f8230.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии “Себзор” тавоноии шабакаҳои барқдиҳии ВМКБ-ро имсол ба андозаи 11 мегаватт афзоиш дод. Дар ин бора, мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати "Помир Энерҷи” Хоҷамир Қурбонбеков, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият" гуфтааст.Намояндаи ширкати “Помир энерҷи” изҳори боварӣ намудааст, ки бо ба истифода қарор гирифтани НБО “Себзор” ва аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо ҳам танқисии барқ ба мушоҳида намерасад.Таъкид гардид, ки феълан дар вилоят бунёди 13 неругоҳи хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва сохтмони онҳо то охири соли 2025 ба анҷом мерасад.Ба гуфтаи манбаъ, давоми соли равон дар самти истифодаи сарчашмаҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ низ аз ҷониби Ҳукумат ва Вазорати энержӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Аличур ва Гулзори ноҳияи Мурғоб неругоҳҳои барқи офтобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мВт дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон санги асос гузошта шуд.Ин дар ҳолест, ки давоми давоми ҳафт моҳи соли равон тавассути 16 неругоҳи ширкати "Помир эенрҷӣ" дар ҳаҷми 124473784 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 56662 кВт-соат камтар аст.
https://sputnik.tj/20250804/qarzhoi-sunnati-1069716524.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_92de170f045f387853086960ae4b1d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зимистони имсол, вмкб, лимити барқ
зимистони имсол, вмкб, лимити барқ
Оё зимистони имсол дар ВМКБ лимити барқ ҷорӣ мешавад: посухи мақомот
Бо вуҷуди коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар ВМКБ, ширкати "Помир энерҷӣ" бовар дорад, ки зимистони имсол мардуми ин вилоят бо барқ таъмин хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии “Себзор” тавоноии шабакаҳои барқдиҳии ВМКБ-ро имсол ба андозаи 11 мегаватт афзоиш дод.
Дар ин бора, мудири департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати "Помир Энерҷи” Хоҷамир Қурбонбеков, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият" гуфтааст.
Намояндаи ширкати “Помир энерҷи” изҳори боварӣ намудааст, ки бо ба истифода қарор гирифтани НБО “Себзор” ва аз таъмири асосӣ баровардани ҳавз ва канали обпартои НБО “Помир-1” имсол дар ҳудуди вилоят дар фасли сармо ҳам танқисии барқ ба мушоҳида намерасад.
Таъкид гардид, ки феълан дар вилоят бунёди 13 неругоҳи хурди барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад ва сохтмони онҳо то охири соли 2025 ба анҷом мерасад.
Ба гуфтаи манбаъ, давоми соли равон дар самти истифодаи сарчашмаҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ низ аз ҷониби Ҳукумат ва Вазорати энержӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар деҳаҳои Аличур ва Гулзори ноҳияи Мурғоб неругоҳҳои барқи офтобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мВт дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон санги асос гузошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки давоми давоми ҳафт моҳи соли равон тавассути 16 неругоҳи ширкати "Помир эенрҷӣ" дар ҳаҷми 124473784 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 56662 кВт-соат камтар аст.