https://sputnik.tj/20251128/spad-sulhi-afghoniston-sahmguzor-1073333568.html
Кишварҳои узви СПАД омодаанд дар сулҳи Афғонистон саҳмгузор бошанд
Кишварҳои узви СПАД омодаанд дар сулҳи Афғонистон саҳмгузор бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омодаанд, дар талошҳо барои таъмини сулҳ дар Афғонистон саҳмгузор бошанд
2025-11-28T10:46+0500
2025-11-28T10:46+0500
2025-11-28T10:46+0500
амният ва мудофиа
спад
афғонистон
сиёсат
осиёи марказӣ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_153:102:1654:946_1920x0_80_0_0_a2f392c9fa34f783187c74631564364e.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Кишварҳои СПАД омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар Афғонистон изҳор доштанд.Матни эъломияи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СПАД дар сомонаи Кремл нашр шудааст."Мо ӯҳдадории худро нисбати Афғонистон ҳамчун давлати мустақил, бетараф ва сулҳҷӯ, озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир тасдиқ мекунем. Мо омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар ин кишвар изҳор медорем", - гуфта мешавад дар эъломия.Довар мешавем, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СПАД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуд.Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд.Чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷануби Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шуданд.Ба гуфтаи вазорат, шаби 26 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, "ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз қаламрави Афғонистон" ба кормандони ширкати "Шоҳин СМ" рух дод.Дар ин ҳамла се корманди ширкат, ки ҳамааш шаҳрвандони Чин буданд, кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20251127/kushta-chinoi-marzi-tojikiston-hamlae-afghoniston-1073328889.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_389:122:1487:946_1920x0_80_0_0_84d1d617d6205644bb3ec3b9e0238a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад, русия, афғонистон, сулҳ, саҳмгузор, саҳмгузор, амният
спад, русия, афғонистон, сулҳ, саҳмгузор, саҳмгузор, амният
Кишварҳои узви СПАД омодаанд дар сулҳи Афғонистон саҳмгузор бошанд
Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ омодаанд, дар талошҳо барои таъмини сулҳ дар Афғонистон саҳмгузор бошанд
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Кишварҳои СПАД омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар Афғонистон изҳор доштанд.
Матни эъломияи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СПАД дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
"Мо ӯҳдадории худро нисбати Афғонистон ҳамчун давлати мустақил, бетараф ва сулҳҷӯ, озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир тасдиқ мекунем. Мо омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар ин кишвар изҳор медорем", - гуфта мешавад дар эъломия.
Довар мешавем, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СПАД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд.
Чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷануби Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шуданд.
Ба гуфтаи вазорат, шаби 26 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, "ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз қаламрави Афғонистон" ба кормандони ширкати "Шоҳин СМ" рух дод.
Дар ин ҳамла се корманди ширкат, ки ҳамааш шаҳрвандони Чин буданд, кушта шуданд.