https://sputnik.tj/20251127/kushta-chinoi-marzi-tojikiston-hamlae-afghoniston-1073328889.html
Кушта шудани се чиноӣ дар марзи Тоҷикистон зимни ҳамлае аз Афғонистон
Кушта шудани се чиноӣ дар марзи Тоҷикистон зимни ҳамлае аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Чин кушта шуданд
2025-11-27T17:19+0500
2025-11-27T17:19+0500
2025-11-27T17:50+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
вух-и тоҷикистон
вокуниш
амният ва мудофиа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/08/1027220847_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_cc29395390ad3352a7727992ed150d72.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳамла мусаллаҳона аз ҷониби қаламрави Афғонистон шаби 26 ноябри соли равон сурат гирифтааст.Ҳамлагарон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон ҳуҷум карданд.Дар баёния қайд карда шудааст, ки бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.Вазорати умури хориҷӣ ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва марги се шаҳрванди Чинро қотеона маҳкум кард.Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати феълии Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли гузашта бар асари ҳамла аз сӯйи Афғонистон дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуда буд.Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20251124/tojikiston-pahpod-qochoqbaron-marzi-afghoniston-istifoda-1073210812.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/08/1027220847_122:0:2789:2000_1920x0_80_0_0_f6b6a11f63194f205609116fe1fd290b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, марз, чин, кушта, шаҳрванд, вух, вокуниш,
тоҷикистон, афғонистон, марз, чин, кушта, шаҳрванд, вух, вокуниш,
Кушта шудани се чиноӣ дар марзи Тоҷикистон зимни ҳамлае аз Афғонистон
17:19 27.11.2025 (Навсозишуда: 17:50 27.11.2025) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода, гуфтааст, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Чин кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳамла мусаллаҳона аз ҷониби қаламрави Афғонистон шаби 26 ноябри соли равон сурат гирифтааст.
Ҳамлагарон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон ҳуҷум карданд.
“Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ширкати “Шоҳин СМ” - шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар баёния қайд карда шудааст, ки бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.
Вазорати умури хориҷӣ ҳамла ба қаламрави Тоҷикистон ва марги се шаҳрванди Чинро қотеона маҳкум кард.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати феълии Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.
Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли гузашта бар асари ҳамла аз сӯйи Афғонистон дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.
Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд.