https://sputnik.tj/20251128/peterburg-rahmon-davati-putin-paziruft-1073331775.html
Соли навро дар Петербург ҷашн мегиранд: Раҳмон даъвати Путинро пазируфт
Соли навро дар Петербург ҷашн мегиранд: Раҳмон даъвати Путинро пазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Президентҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар Бишкек музокирот анҷом доданд
2025-11-28T09:36+0500
2025-11-28T09:36+0500
2025-11-28T09:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
русия
даъват
идм
санкт-петербург
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073332178_0:49:3175:1836_1920x0_80_0_0_6bbda0433c34202944d956315918fdec.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро ба нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар Санкт-Петербург дар охири сол баргузор мешавад, даъват кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, даъвати ҳамтои русаш Владимир Путинро барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург, пазируфт.Президенти Русия ваъда дод, ки барои роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург, ки охири моҳи декабр баргузо мешавад, барномаи ғании фарҳангӣ омода карда мешавад."Мо як барномаи хубе омода мекунем; шумо хоҳед дид, ки он ба ҳар як ҷумҳурии дигар алоқаманд аст. Шумо медонед, ки мо қисми зиёди он чизеро, ки барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз замони Шӯравӣ арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, нигоҳ доштаем. Ва ман боварӣ дорам, ки барои шумо омӯхтани он ҷолиб хоҳад буд", - гуфт Путин.Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки Путин зимни сафари ахири давлатии худ ба Тоҷикистон ба ӯ "арзиштарин тӯҳфа" - китоби "Тоҷикон"-ро тӯҳфа кард.
https://sputnik.tj/20251127/putin-rusiya-tojikiston-amniyat-tamos-1073322695.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1b/1073332178_228:0:2959:2048_1920x0_80_0_0_1325402a9069324f343a4188896dcc1b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, идм, даъват, санкт-петербург, ҷаласа, раҳмон, путин, сиёсат
тоҷикистон, русия, идм, даъват, санкт-петербург, ҷаласа, раҳмон, путин, сиёсат
Соли навро дар Петербург ҷашн мегиранд: Раҳмон даъвати Путинро пазируфт
Президентҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи дар Бишкек музокирот анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро ба нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, ки дар Санкт-Петербург дар охири сол баргузор мешавад, даъват кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар додааст.
"Мо интизори дидори шумо дар 21 декабр (дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург) ҳастем. Ман итминон дорам, ки ин мулоқот гуворо, муфид ва пурмазмун хоҳад буд", - гуфт Путин дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, даъвати ҳамтои русаш Владимир Путинро барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург, пазируфт.
"Ман аз қабули даъвати шумо барои иштирок дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Санкт-Петербург, хеле хурсандам. Зеро мо, ба таври анъанавӣ ҳар сол пеш аз ҷашни Соли нав ҷамъ мешавем", - гуфт Раҳмон дар мулоқот бо Путин дар Бишкек.
Президенти Русия ваъда дод, ки барои роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар нишасти ғайрирасмии Санкт-Петербург, ки охири моҳи декабр баргузо мешавад, барномаи ғании фарҳангӣ омода карда мешавад.
"Мо як барномаи хубе омода мекунем; шумо хоҳед дид, ки он ба ҳар як ҷумҳурии дигар алоқаманд аст. Шумо медонед, ки мо қисми зиёди он чизеро, ки барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз замони Шӯравӣ арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, нигоҳ доштаем. Ва ман боварӣ дорам, ки барои шумо омӯхтани он ҷолиб хоҳад буд", - гуфт Путин.
Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки Путин зимни сафари ахири давлатии худ ба Тоҷикистон ба ӯ "арзиштарин тӯҳфа" - китоби "Тоҷикон"-ро тӯҳфа кард.