https://sputnik.tj/20251126/vazir-tajribai-belarus-kishovarzi-iiao-pahn-1073250199.html
Вазир: Таҷрибаи Беларус дар бахши кишоварзӣ бояд ба ҳамаи кишварҳои ИИАО паҳн шавад
Вазир: Таҷрибаи Беларус дар бахши кишоварзӣ бояд ба ҳамаи кишварҳои ИИАО паҳн шавад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои узви Иттищодияи иқтисодии АвруОсиё дорои имкониятҳои назаррас мебошанд ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ муҳим аст
2025-11-26T10:49+0500
2025-11-26T10:49+0500
2025-11-26T10:49+0500
ииао
авруосиё
кишоварзӣ
ҳамкорӣ
белорус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/19/1073251976_0:244:3207:2048_1920x0_80_0_0_7b06e65eb30e412233b2d68a0d73666e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Гоар Барсегян, вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии ИИАО ва узви Шӯро, дар ҳошияи ҷаласаи шашуми Шӯрои сиёсати агросаноатии ИИАО гуфт, ки сатҳи худтаъминкунӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 92,2%-ро ташкил медиҳад.Гоар Барсегян қайд кард, ки ин нишон медиҳад, ки дар дохили иттиҳод сатҳи баланди истиқлолияти озуқаворӣ ба даст омадааст ва бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти худӣ таъмин аст.“Масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар доираи ИИАО ба наздикӣ дар Маскав муфассал баррасӣ шуданд. Мо эътироф мекунем, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дорои имкониятҳои назаррас мебошанд ва барои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар ин самт чораҳои иловагӣ меандешанд. Амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳод аст ва аз ин рӯ, кори муштарак дар ин самт аҳамияти стратегӣ дорад. Ҳадафи муштараки мо андешидани чораҳои муштарак барои таъмини манфиати мустақими аҳолӣ мебошад”, - гуфт хонум Гоҳар.Хонум Гоар дар бораи саҳми Беларус сухан ронда, қайд кард, ки Белорус яке аз иштирокчиёни фаъолтарини равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, бахусус дар бахши кишоварзӣ мебошад."Ҷумҳурии Беларус дорои имкониятҳои бузург ва таҷрибаи бузург аст. Ва мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, то ин таҷрибаро дар баъзе соҳаҳо ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё паҳн кунем”, - гуфт вай.Вай илова кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё айни замон чаҳорчӯбаи танзимкунандаро барои маблағгузории лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ дар чор самт таҳия мекунад.“Мо мефаҳмем, ки дар ин ҷо, пеш аз ҳама, мо бояд имкониятҳои ҳамкорӣ бо Беларусро бо назардошти дастовардҳои назарраси он васеъ кунем. Мо бояд аз имкониятҳои ҳар як давлати узв самаранок истифода барем”, - таъкид кард Гоар.
https://sputnik.tj/20251124/iiao-muboriza-gurusnagi-sahm-nazarras-1073181516.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/19/1073251976_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_5b3bdf8a0ad547e3ce25961d51002503.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод,белорус, таҷриба, кишоварзӣ
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод,белорус, таҷриба, кишоварзӣ
Вазир: Таҷрибаи Беларус дар бахши кишоварзӣ бояд ба ҳамаи кишварҳои ИИАО паҳн шавад
Кишварҳои узви Иттищодияи иқтисодии АвруОсиё дорои имкониятҳои назаррас мебошанд ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ муҳим аст
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Гоар Барсегян, вазири саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии ИИАО ва узви Шӯро, дар ҳошияи ҷаласаи шашуми Шӯрои сиёсати агросаноатии ИИАО гуфт, ки сатҳи худтаъминкунӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 92,2%-ро ташкил медиҳад.
Гоар Барсегян қайд кард, ки ин нишон медиҳад, ки дар дохили иттиҳод сатҳи баланди истиқлолияти озуқаворӣ ба даст омадааст ва бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти худӣ таъмин аст.
“Масъалаҳои амнияти озуқаворӣ дар доираи ИИАО ба наздикӣ дар Маскав муфассал баррасӣ шуданд. Мо эътироф мекунем, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дорои имкониятҳои назаррас мебошанд ва барои амиқтар кардани ҳамкорӣ дар ин самт чораҳои иловагӣ меандешанд. Амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳод аст ва аз ин рӯ, кори муштарак дар ин самт аҳамияти стратегӣ дорад. Ҳадафи муштараки мо андешидани чораҳои муштарак барои таъмини манфиати мустақими аҳолӣ мебошад”, - гуфт хонум Гоҳар.
Хонум Гоар дар бораи саҳми Беларус сухан ронда, қайд кард, ки Белорус яке аз иштирокчиёни фаъолтарини равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, бахусус дар бахши кишоварзӣ мебошад.
"Ҷумҳурии Беларус дорои имкониятҳои бузург ва таҷрибаи бузург аст. Ва мо бояд ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, то ин таҷрибаро дар баъзе соҳаҳо ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё паҳн кунем”, - гуфт вай.
Вай илова кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё айни замон чаҳорчӯбаи танзимкунандаро барои маблағгузории лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ дар чор самт таҳия мекунад.
“Мо мефаҳмем, ки дар ин ҷо, пеш аз ҳама, мо бояд имкониятҳои ҳамкорӣ бо Беларусро бо назардошти дастовардҳои назарраси он васеъ кунем. Мо бояд аз имкониятҳои ҳар як давлати узв самаранок истифода барем”, - таъкид кард Гоар.