https://sputnik.tj/20251124/iiao-muboriza-gurusnagi-sahm-nazarras-1073181516.html
Кишварҳои ИИАО дар мубориза алайҳи гуруснагӣ саҳми назаррас мегузоранд
Кишварҳои ИИАО дар мубориза алайҳи гуруснагӣ саҳми назаррас мегузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содиркунандаи пешбари гандум, равғани офтобпараст ва моҳии яхкардашуда дар ҷаҳон аст
2025-11-24T10:29+0500
2025-11-24T10:29+0500
2025-11-24T11:36+0500
ииао
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102657/19/1026571914_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_7e31cf0058d5408f215658e33cbd847e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё саҳми назаррасе дар таҳкими амнияти озуқавории ҷаҳонӣ мегузоранд. Дар ин бора вазири саноат ва комплекси агросаноатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Гоҳар Барсегян, дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рим изҳор дошт. Барсегян афзуд, ки ин иттиҳод содиркунандаи пешбари гандум, равғани офтобпараст ва моҳии яхкардашуда дар ҷаҳон аст. Ғайр аз ин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дуввумин содиркунандаи бузургтарини орди гандум ва равған ва сеюмин содиркунандаи бузургтарини ҷав ва орд мебошад. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалӣ барои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки дорои шахсияти ҳуқуқии байналмилалӣ буда, бо Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст. Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад. Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба иттиҳодро баррасӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20251020/iiao-navgoni-kishovarzi-1072232961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102657/19/1026571914_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_b524221ba8cdc5b941c380fc20a2cdd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, мубориза, алайҳи гуруснагӣ
ииао, мубориза, алайҳи гуруснагӣ
Кишварҳои ИИАО дар мубориза алайҳи гуруснагӣ саҳми назаррас мегузоранд
10:29 24.11.2025 (Навсозишуда: 11:36 24.11.2025) Вазири саноат ва комплекси агросаноатии Иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содиркунандаи пешбари гандум, равғани офтобпараст ва моҳии яхкардашуда дар ҷаҳон аст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё саҳми назаррасе дар таҳкими амнияти озуқавории ҷаҳонӣ мегузоранд.
Дар ин бора вазири саноат ва комплекси агросаноатии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Гоҳар Барсегян, дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Рим изҳор дошт.
"Бо дарки аҳамияти амнияти озуқавории ҷаҳонӣ, кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо таъмини маҳсулоти босифат ба бозори ҷаҳонии кишоварзӣ дар мубориза бо гуруснагӣ саҳми назаррас мегузоранд", - қайд кард ӯ.
Барсегян афзуд, ки ин иттиҳод содиркунандаи пешбари гандум, равғани офтобпараст ва моҳии яхкардашуда дар ҷаҳон аст.
Ғайр аз ин, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дуввумин содиркунандаи бузургтарини орди гандум ва равған ва сеюмин содиркунандаи бузургтарини ҷав ва орд мебошад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалӣ барои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад, ки дорои шахсияти ҳуқуқии байналмилалӣ буда, бо Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба иттиҳодро баррасӣ мекунад.