https://sputnik.tj/20251126/putin-tramp-ukraina-tomagavk-1073266674.html
WSJ: сӯҳбат бо Путин Трампро водор кард, ки ба Украина мушакҳои "Томагавк" надиҳад
WSJ: сӯҳбат бо Путин Трампро водор кард, ки ба Украина мушакҳои "Томагавк" надиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат бо Путин дар моҳи октябр Трампро водор кард, ки ба Украина "Томагавк" надиҳад, менависад WSJ
2025-11-26T14:26+0500
2025-11-26T14:26+0500
2025-11-26T14:26+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
русия
украина
има
мушак
доналд трамп
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070069011_0:0:3226:1816_1920x0_80_0_0_08b57f345407c7c24860f16807b284f2.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи октябр президенти ИМА Доналд Трампро водор кард, ки ба Украина мушакҳои "Томагавк" надиҳад. Дар ин бора, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба мақомоти ИМА хабар дод.Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков рӯзи 16 октябр изҳор дошт, ки Путин дар сӯҳбат бо Трамп, ҳамон рӯз ин ақидаро такрор кард, ки интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев вазъиятро дар хатти ҷабҳа тағйир намедиҳад, балки ба муносибатҳои ИМА ва Русия зарар мерасонад. 23 октябр, президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки вокуниши Русия ба ҳамлаҳои мушакии "Томагавк" ба кишвар ҷиддӣ хоҳад буд. Рӯзноманигорон аз котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков хоҳиш карданд, ки ин изҳоротро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи Песков, изҳороти президенти Русия дар бораи вокуниш ба ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии "Томагавк" фасеҳ ва мукаммал буда, ба шарҳи бештар ниёз надорад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска гуфтугӯ карданд.Роҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд. Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ намудандРаисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкони ҳалли низоъ дар Украина вуҷуд дорад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддат таъкид кард.
https://sputnik.tj/20251122/putin-naqsha-tramp-ukraina-sharh-1073162405.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070069011_67:0:2798:2048_1920x0_80_0_0_5504c4afd22adde33152ba8b7bca501f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, украина, мушакҳои "томагавк"
трамп, украина, мушакҳои "томагавк"
WSJ: сӯҳбат бо Путин Трампро водор кард, ки ба Украина мушакҳои "Томагавк" надиҳад
Сӯҳбат бо Путин дар моҳи октябр Трампро водор кард, ки ба Украина "Томагавк" надиҳад, менависад WSJ
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар моҳи октябр президенти ИМА Доналд Трампро водор кард, ки ба Украина мушакҳои "Томагавк" надиҳад.
Дар ин бора, рӯзномаи Wall Street Journal бо истинод ба мақомоти ИМА хабар дод.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков рӯзи 16 октябр изҳор дошт, ки Путин дар сӯҳбат бо Трамп, ҳамон рӯз ин ақидаро такрор кард, ки интиқоли эҳтимолии мушакҳои "Томагавк" ба Киев вазъиятро дар хатти ҷабҳа тағйир намедиҳад, балки ба муносибатҳои ИМА ва Русия зарар мерасонад.
"Ин сӯҳбат ӯро (Трамп - таҳрир) водор кард, ки интиқоли мушакҳои "Томагавк" ба Украинаро дастгирӣ накунад", - хабар дод нашрия.
23 октябр, президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки вокуниши Русия ба ҳамлаҳои мушакии "Томагавк" ба кишвар ҷиддӣ хоҳад буд.
Рӯзноманигорон аз котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков хоҳиш карданд, ки ин изҳоротро шарҳ диҳад.
Ба гуфтаи Песков, изҳороти президенти Русия дар бораи вокуниш ба ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии "Томагавк" фасеҳ ва мукаммал буда, ба шарҳи бештар ниёз надорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 август президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Аляска гуфтугӯ карданд.
Роҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд. Президентҳо роҳҳои ҳалли муноқишаи Украинаро баррасӣ карданд. Ҳарду раҳбар ин мулоқотро мусбат арзёбӣ намуданд
Раисиҷумҳури Русия дар пайи ин нишаст изҳор дошт, ки имкони ҳалли низоъ дар Украина вуҷуд дорад ва ба манфиати Русия ба ҳалли дарозмуддат таъкид кард.