Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон парвоз кард

© Foto / Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Обуна шудан
Мақсади сафари президенти Тоҷикистон, ширкат дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкек сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, сарвазир, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президентва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар кишвардорро, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шурои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Коршинос гуфт, барои чӣ сафари Путин ва нишастҳои Душанбе ба як рӯйдоди таърихӣ табдил ёфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2025
Коршинос гуфт, барои чӣ сафари Путин ва нишастҳои Душанбе ба як рӯйдоди таърихӣ табдил ёфт
Бояд гуфт, ки феълан президенти Русия Владимир Путин низ бо сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад.
Ӯ ҳамроҳи дигар сарони кишварҳои аъзои СПАД дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0