https://sputnik.tj/20251014/korshinos-safari-putin-nishastho-dushanbe-ruydodi-tarikhi-1072088597.html
Коршинос гуфт, барои чӣ сафари Путин ва нишастҳои Душанбе ба як рӯйдоди таърихӣ табдил ёфт
Коршинос гуфт, барои чӣ сафари Путин ва нишастҳои Душанбе ба як рӯйдоди таърихӣ табдил ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос тоҷик, мегӯяд, ба сафари Владимир Путин ба Душанбе ва нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Русия ва ИДМ расонаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосе доданд
2025-10-14T18:59+0500
2025-10-14T18:59+0500
2025-10-15T00:40+0500
видео
дар тоҷикистон
коршинос
сиёсат
идм
путин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072087905_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9be33b05af02973d952b7b4fcc2a2268.jpg
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ, дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ва баргузории нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳарчанд кишвари кучак ҳам бошад, аммо эътибору нуфузи байналмиллиаш хеле бузург.Вай таъкид кард, ки ИДМ баъди нишасти Душанбе аз нав зинда шуд.“Президенти Русия сафари расмии худро ба Тоҷикистон бо мақсади баррасии бархе масъалаҳои ҷиддиву рӯзмара анҷом дод”, - гуфт коршинос.Вай илова кард, ки Русия Тоҷикистонро на танҳо шарики стратегӣ мешуморад, балки чун такягоҳ дар Осиёи Марказӣ медонад.Ҷанбаҳои асосии сафар ва нишастҳои Путин дар Душанбе: видео“Фикр мекунам, ташаббуси Қазоқистон дар бораи "ИДМ +", пояҳои созмонро мустаҳкам хоҳад кард ва ба шикояти баъзе аъзоен, ки ИДМ-ро такрори дигар созмонҳост мегӯянд, хотима хоҳад гузошт”, - гуфт коршинос.Неъматулло Мирсаидов боварӣ дорад, ки саҳифаи нав дар таърихи ИДМ маҳз дар пойтахти тоҷикон навишта шудааст.Тафсилоти бештарро – дар видеои мо тамошо кунед.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0e/1072087905_436:0:1876:1080_1920x0_80_0_0_d17035b334bcf0eb5e6c8a265bbfb263.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коршинос, сиёсат, идм, путин, мирсаидов, рӯйдод, таърихӣ осиёи марказӣ, видео
тоҷикистон, коршинос, сиёсат, идм, путин, мирсаидов, рӯйдод, таърихӣ осиёи марказӣ, видео
Коршинос гуфт, барои чӣ сафари Путин ва нишастҳои Душанбе ба як рӯйдоди таърихӣ табдил ёфт
18:59 14.10.2025 (Навсозишуда: 00:40 15.10.2025) Коршиноси тоҷик, мегӯяд, ба сафари Владимир Путин ба Душанбе ва нишастҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Русия ва ИДМ расонаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хосе доданд
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ, дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ва баргузории нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ҳарчанд кишвари кучак ҳам бошад, аммо эътибору нуфузи байналмиллиаш хеле бузург.
Вай таъкид кард, ки ИДМ баъди нишасти Душанбе аз нав зинда шуд.
“Президенти Русия сафари расмии худро ба Тоҷикистон бо мақсади баррасии бархе масъалаҳои ҷиддиву рӯзмара анҷом дод”, - гуфт коршинос.
Вай илова кард, ки Русия Тоҷикистонро на танҳо шарики стратегӣ мешуморад, балки чун такягоҳ дар Осиёи Марказӣ медонад.
“Фикр мекунам, ташаббуси Қазоқистон дар бораи "ИДМ +", пояҳои созмонро мустаҳкам хоҳад кард ва ба шикояти баъзе аъзоен, ки ИДМ-ро такрори дигар созмонҳост мегӯянд, хотима хоҳад гузошт”, - гуфт коршинос.
Неъматулло Мирсаидов боварӣ дорад, ки саҳифаи нав дар таърихи ИДМ маҳз дар пойтахти тоҷикон навишта шудааст.
Тафсилоти бештарро – дар видеои мо тамошо кунед.