https://sputnik.tj/20251125/tojikiston-rusiya-sodiroti-angur-mahsuloti-kishovarzi-1073239793.html
Тоҷикистону Русия масоили содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия масоили содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар гуфтугӯи вазирони иқтисоди Русия ва Тоҷикистон ба таври маҷозӣ баррасӣ шуд
2025-11-25T14:31+0500
2025-11-25T14:31+0500
2025-11-25T14:31+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
содирот
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1e/1071626474_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_4647e07163ef3926d49738b1127eae37.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников масоили рушди содироту воридоӣро баррасӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод.Ба иттилои манбаъ дар рафти ҷаласа ҷонибҳо содироти ҳарчи бештари ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд.Манбаъ қайд кардааст, ки ин масъала дар сафари ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе да мулоқот бо роҳбари Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буд.Вазири тоҷик дар ин ҷаласа таъкид кард, ки иҷрои супоришҳои роҳбарони кишварҳо имкони таъмини пешрафт дар бахши содирот ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро фароҳам месозад.Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои такмили низоми ҳамкорӣ дар бахшҳои марбут ба содироту воридот, беҳтар намудани тартиби ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши имкониятҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.Вай гуфт, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод."Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - таъкид кард Расулзода.Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.Бояд қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20251009/rusiya-tojikiston-basta-sanad-hamkori-imzo-dushanbe-1071912289.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1e/1071626474_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_0c1fdde2941c65258f9580ae4a66251d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, маҳсулот, кишоварзӣ, содирот, воридот, вазири иқтисод,
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, маҳсулот, кишоварзӣ, содирот, воридот, вазири иқтисод,
Тоҷикистону Русия масоили содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд
Масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар гуфтугӯи вазирони иқтисоди Русия ва Тоҷикистон ба таври маҷозӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дар ҷаласаи маҷозии Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников масоили рушди содироту воридоӣро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар рафти ҷаласа ҷонибҳо содироти ҳарчи бештари ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин масъала дар сафари ахири раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе да мулоқот бо роҳбари Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон баррасӣ шуда буд.
Вазири тоҷик дар ин ҷаласа таъкид кард, ки иҷрои супоришҳои роҳбарони кишварҳо имкони таъмини пешрафт дар бахши содирот ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро фароҳам месозад.
Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои такмили низоми ҳамкорӣ дар бахшҳои марбут ба содироту воридот, беҳтар намудани тартиби ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва густариши имкониятҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон сарвазири Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҳаҷми савдои миёни Русия ва Тоҷикистон 13% афзудааст.
Вай гуфт, давоми ҳашт моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни Русия ва Тоҷикистон ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13% дарсадро ташкил дод.
"Соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Русия 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023, 200 млн доллар зиёд аст", - таъкид кард Расулзода.
Ҳамин тавр, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 млрд доллар расида, суръати афзоиш 13%-ро ташкил дод.
Бояд қайд кард, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.