Шикоятҳо зиёд: Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, сатҳу сифати интернетро хуб кунанд

© SputnikСолнечные панели на антеннах связи в Дарвазе. Иллюстративное фото
Солнечные панели на антеннах связи в Дарвазе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2025
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро шикояти сокинон аз суръати пасти алоқаи мобиливу интернет ва қатъи муваққатии хизматрасониҳо дар баъзе минтақаҳо, нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрии корӣ баргузор кардааст.
Тавре дафтари матбуоти ин ниҳод хабар додааст, дар ҷараёни он сабаб ва омилҳои паст гардидани сатҳу сифат ва дастрасии муштариён ба алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Дар рафти вохурии корӣ роҳбарони ширкатҳои мобилӣ барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, барқарор намудани хизматрасонии босифат ба муштариён ва таъмини муътадили алоқаи мобилӣ ва интернет дастурҳои мушаххас гирифтанд”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа барои расидагӣ ба арзу шикоят ва дархостҳои муштариён ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва интернет, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ гурўҳи корӣ таъсис дода шуд.
Анатолий Изюмников - генеральный директор компании МегаФон Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2025
Мутахассисони алоқа “таҳаввулоти рақамӣ”-ро пешбинӣ менамоянд
Қайд карда шудааст, ки гурӯҳи корӣ алакай аз вазъ дар ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос шуда, барои сари вақт баратарф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳои мушаххас додааст.
Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки новобаста аз қатъ ва ё маҳдуд гардидани таъмини қувваи барқ дар минтақаҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои осебпазир, бо истифода аз панелҳои офтобӣ, аккумуляторҳои захиравӣ ва дизел-генераторҳои коршоям фаъолияти ҳамаи истгоҳҳои базавии мобилиро мунтазам ва бе таваққуф ба роҳ монанд.
Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, сарбории истгоҳҳои базавиро танзим намуда, ҷиҳати таҷдиди инфрасохтор, насби таҷҳизоти иловагӣ ва тавсеаи шабакаҳо дар минтақаҳои серистеъмол, чораандешӣ намоянд.
Компьютерный класс в школе. Иллюстративное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2025
Маълум шуд, кай макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръат пайваст мешавад
Ҳамчунин ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд, ки дар ҳолатҳои ногаҳон ба амал омадани зарурати қатъ намудани муваққатии хизматрасониҳо, новобаста аз сабабҳои ба миёноянда, ба муштариён ва истифодабарандагонро пешакӣ ва сари вақт ба таври ҳатмӣ огоҳ намоянд.
“Огоҳиномаи ширкатҳо ба муштариён дар ин бора бояд бо нишон додани сабабҳои қатъшавӣ, минтақаҳои таъсирпазир, вақти оғоз ва муҳлати тахминии барқарорсозии хизматрасонӣ тавассути SMS-паёмҳо, хабарҳои фаврӣ дар сомонаҳои расмии ширкатҳо ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намоянд”, - қайд кардааст Хадамоти алоқа.
Хадамоти алоқа аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати паст будани сифати хизматрасонӣ ё фаъолият накардани истгоҳҳои мобилӣ, ба миён омадани мушкилӣ ба Хадамот муроҷиат намоянд.
Зикр гардидааст, ки тадбирҳои зерин ба барқарор кардани эътимоди шаҳрвандон ва рушди устувори шабакаҳои мобилӣ равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0