https://sputnik.tj/20251030/makotib-tojikiston-interneti-balandsurat-payvast-1072523810.html
Маълум шуд, кай макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръат пайваст мешавад
Маълум шуд, кай макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръат пайваст мешавад
Sputnik Тоҷикистон
То кунун ба макотиби Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ дастрас гардидаанд
2025-10-30T12:31+0500
2025-10-30T12:31+0500
2025-10-30T12:32+0500
маориф
дар тоҷикистон
интернет
пайвастан
мактабҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072536557_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_a7a973182ef4158f856be8fc1512581d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. То соли 2028 40% -и макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръати пайваст мешавад.Дар ин бора, директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ" Комрон Муҳаммадраҷабзода зимни ҷаласаи Вазорати маориф хабар дод.Ба гуфтаи Муҳаммадраҷабзода, давоми нуҳ моҳи соли 2025 дабистонҳои ҷумҳурӣ бо 100 ҳазору 950 компютер, 7146 тахтаи электронӣ ва 8267 видеопроектор муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамзамон, 2756 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки қисми зиёди онҳо тариқи модем фаъолият мекунанд.Дар баробари ин, ба макотиби Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ дастрас гардидаанд.Ин нақшаҳо дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2024-2028 татбиқ шудааст.Дар ҷаласа ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани назорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.
https://sputnik.tj/20240421/dollar-qarz-grant-sokhtmon-maktab-tojikiston-1062583774.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072536557_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2679126fff5673d631b2dc35dd0fd6db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макотиб, тоҷикистон, интернет, пайваст
макотиб, тоҷикистон, интернет, пайваст
Маълум шуд, кай макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръат пайваст мешавад
12:31 30.10.2025 (Навсозишуда: 12:32 30.10.2025) То кунун ба макотиби Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ дастрас гардидаанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. То соли 2028 40% -и макотиби Тоҷикистон ба интернети баландсуръати пайваст мешавад.
Дар ин бора, директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ" Комрон Муҳаммадраҷабзода зимни ҷаласаи Вазорати маориф хабар дод.
"Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нави пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет таҳия гардида, тибқи он дар назар аст, то соли 2028 40% -и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст карда шаванд", - гуфт Муҳаммадраҷабзода.
Ба гуфтаи Муҳаммадраҷабзода, давоми нуҳ моҳи соли 2025 дабистонҳои ҷумҳурӣ бо 100 ҳазору 950 компютер, 7146 тахтаи электронӣ ва 8267 видеопроектор муҷаҳҳаз мебошанд.
Ҳамзамон, 2756 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд, ки қисми зиёди онҳо тариқи модем фаъолият мекунанд.
Дар баробари ин, ба макотиби Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2500 нусха дастурамалҳои истифодаи таҷҳизоти техникӣ ва 390 адад барномаҳои зиддивирусӣ дастрас гардидаанд.
Ин нақшаҳо дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2024-2028 татбиқ шудааст.
Дар ҷаласа ба масъулин ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва пурзӯр намудани назорат дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.