https://sputnik.tj/20251124/markazhoi-logistiki-tojikiston-eskato-1073166163.html
"Бандарҳои хушк": Марказҳои логистикии Тоҷикистон ба рӯйхати ЭСКАТО пешниҳод шуд
"Бандарҳои хушк": Марказҳои логистикии Тоҷикистон ба рӯйхати ЭСКАТО пешниҳод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо пас аз таҳқиқи иншоот мутобиқати онҳо ба талаботи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи "бандарҳои хушк" муқаррар карда мешавад
2025-11-24T09:32+0500
2025-11-24T09:32+0500
2025-11-24T11:32+0500
дар тоҷикистон
логистика
терминал
нақлиёт
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071086459_0:427:2881:2048_1920x0_80_0_0_cd25c606296b8be43c36759aae51e604.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 9 терминали нақлиётӣ ва марказҳои логистикии кишварро барои дохил намудан ба рӯйхати "бандарҳои хушк"-и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод кард.Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки пешниҳоди додани мақоми байналмилалии "бандарҳои хушк" ба терминалу марказҳои логистикии Тоҷикистон, дар ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар шаҳри Бангкок сурат гирифтааст. Ҳамин тавр, барои гирифтани мақоми "бандарҳои хушк"-и дорои аҳамияти байналмилалӣ иншооти зерин пешниҳод шуданд:Ҳамин тавр, танҳо пас аз таҳқиқи ин иншоот муайян сохтани мутобиқати онҳо ба талаботе, ки дар замимаи II Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи "бандарҳои хушк" муқаррар шудааст, гузаронида мешавад. Таҳқиқот аз ҷониби Маркази омӯзиши масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистика бо дастгирии техникии ЭСКАТО доир хоҳад шуд.Пайвастан ба шабакаи "бандарҳои хушк" — и ЭСКАТО имкон медиҳад, ки ин терминалҳо ва марказҳои логистикӣ дар харитаҳои расмӣ инъикос карда шаванд ва барои ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори миллии нақлиётӣ ва логистикӣ шароити иловагӣ фароҳам гардид.
https://sputnik.tj/20250414/vazorati-naqliyot-borkashoni-tranziti-tojikiston-afzoish-1066972549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/0b/1071086459_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5f6380a97a7cbf552bf722e06d38a84c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марказҳои логистикӣ, тоҷикистон, эскато
марказҳои логистикӣ, тоҷикистон, эскато
"Бандарҳои хушк": Марказҳои логистикии Тоҷикистон ба рӯйхати ЭСКАТО пешниҳод шуд
09:32 24.11.2025 (Навсозишуда: 11:32 24.11.2025) Танҳо пас аз таҳқиқи иншоот мутобиқати онҳо ба талаботи байналмилалӣ дар бораи "бандарҳои хушк" муқаррар карда мешавад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 9 терминали нақлиётӣ ва марказҳои логистикии кишварро барои дохил намудан ба рӯйхати "бандарҳои хушк"-и дорои аҳамияти байналмилалӣ пешниҳод кард.
Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди додани мақоми байналмилалии "бандарҳои хушк" ба терминалу марказҳои логистикии Тоҷикистон, дар ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар шаҳри Бангкок сурат гирифтааст.
Ҳамин тавр, барои гирифтани мақоми "бандарҳои хушк"-и дорои аҳамияти байналмилалӣ иншооти зерин пешниҳод шуданд:
Маркази логистикии шаҳри Душанбе (Ҷамъияи саҳомии пӯшидаи "Тоҷиквнештранс");
Терминали наздисарҳадии "Панҷи поён" (ноҳияи Ҷайҳун);
Терминали наздисарҳадии "Кулма" (ноҳияи Мурғоб);
Терминали наздисарҳадии "Лахш" (ноҳияи Лахш);
Терминали наздисарҳадии "Гулистон" (шаҳри Исфара);
Терминали наздисарҳадии "Бобоҷон Ғафуров" (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Маркази логистикии "Турсунзода" (шаҳри Турсунзода);
Маркази логистикии "Хоруғ" (ноҳияи Шуғнон);
Маркази логистикии "Мурғоб" (ноҳияи Мурғоб).
Ҳамин тавр, танҳо пас аз таҳқиқи ин иншоот муайян сохтани мутобиқати онҳо ба талаботе, ки дар замимаи II Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи "бандарҳои хушк" муқаррар шудааст, гузаронида мешавад.
Таҳқиқот аз ҷониби Маркази омӯзиши масъалаҳои рушди нақлиёт ва логистика бо дастгирии техникии ЭСКАТО доир хоҳад шуд.
Пайвастан ба шабакаи "бандарҳои хушк" — и ЭСКАТО имкон медиҳад, ки ин терминалҳо ва марказҳои логистикӣ дар харитаҳои расмӣ инъикос карда шаванд ва барои ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори миллии нақлиётӣ ва логистикӣ шароити иловагӣ фароҳам гардид.