https://sputnik.tj/20251124/erdughon-sharthoi-halli-nizo-ukraina-1073214510.html
Эрдуғон шартҳои ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
Эрдуғон шартҳои ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисыумщури Туркия агар рӯзномаи мусбат вуҷуд дошта бошад, роҳи ҳалли устувори Украина имконпазир аст 24.11.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-11-24T19:02+0500
2025-11-24T19:02+0500
2025-11-24T19:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
русия
има
музокирот
эрдуғон
туркия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/17/1065620898_313:0:3072:1552_1920x0_80_0_0_00d3003c09ff68e81a06e3f2a61b0694.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки будани рӯзномаи мусбат низоъ дар Украина ҳал нахоҳад шуд.Вай ҳамчунин қайд кард, ки бояд тавофуқе ба даст ояд, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ кунад."Агар нақшаи [ИМА] интизориҳои қонунии ҷонибҳо ва ниёзҳои амниятии онҳоро бидуни ноустувории нав қонеъ кунад, созишнома имконпазир хоҳад буд. Мо боварӣ дорем, ки дар сурати мавҷуд будани масъалаҳои мувофиқашуда ва рӯзномаи мусбат барои оғози музокирот, созиш имконпазир аст. Агар чаҳорчӯбае, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ мекунад, эҷод карда шавад, роҳ ба сулҳ боз карда мешавад. Оғози музокирот дар бораи пешниҳодҳое, ки роҳро барои сулҳи одилона ва пойдор ҳамвор мекунанд, ба раванд таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҳамон тавре, ки Туркия дар Истанбул нақши муҳим бозид, имрӯз мо омодаем, ки ин мавқеи созандаро идома диҳем", - гуфт раҳбари Туркия.Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд ва қайд кард, ки дар айни замон тафсилоти онро муҳокима намекунад, зеро кор ҳанӯз идома дорад.Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия дар 21 ноябр изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия муҳокима нашудааст. Ӯ изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол хаёлӣ ҳастанд ва орзуи "шикасти стратегӣ"-ро ба Русия дар майдони ҷанг доранд.Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо аз набудани маълумоти возеҳ дар бораи вазъи воқеи дар майдони ҷанг бармеояд.
https://sputnik.tj/20251124/rubio-naqshai-sulh-ukraina-rizoiyat-rusiya-1073201640.html
украина
русия
има
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/17/1065620898_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_144ae9df1ac2f552777a6e8dd9262d4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, русия, има, музокирот, эрдуғон, туркия
украина, амалиёти вижа, русия, има, музокирот, эрдуғон, туркия
Эрдуғон шартҳои ҳалли низоъ дар Украинаро гуфт
Ба гуфтаи раисыумщури Туркия агар рӯзномаи мусбат вуҷуд дошта бошад, роҳи ҳалли устувори Украина имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки будани рӯзномаи мусбат низоъ дар Украина ҳал нахоҳад шуд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки бояд тавофуқе ба даст ояд, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ кунад.
"Агар нақшаи [ИМА] интизориҳои қонунии ҷонибҳо ва ниёзҳои амниятии онҳоро бидуни ноустувории нав қонеъ кунад, созишнома имконпазир хоҳад буд. Мо боварӣ дорем, ки дар сурати мавҷуд будани масъалаҳои мувофиқашуда ва рӯзномаи мусбат барои оғози музокирот, созиш имконпазир аст. Агар чаҳорчӯбае, ки ҳамаи ҷонибҳоро қонеъ мекунад, эҷод карда шавад, роҳ ба сулҳ боз карда мешавад. Оғози музокирот дар бораи пешниҳодҳое, ки роҳро барои сулҳи одилона ва пойдор ҳамвор мекунанд, ба раванд таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҳамон тавре, ки Туркия дар Истанбул нақши муҳим бозид, имрӯз мо омодаем, ки ин мавқеи созандаро идома диҳем", - гуфт раҳбари Туркия.
Маъмурияти ИМА қаблан таҳияи нақшаи ҳалли низоъи Украинаро эълон карда буд ва қайд кард, ки дар айни замон тафсилоти онро муҳокима намекунад, зеро кор ҳанӯз идома дорад.
Кремл изҳор дошт, ки Русия барои музокирот боз аст ва ба музокироти Анкориҷ содиқ мемонад.
Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия дар 21 ноябр изҳор дошт, ки нақшаи ИМА метавонад асоси ҳалли ниҳоии сулҳ бошад, аммо ин матн айни замон бо Русия муҳокима нашудааст. Ӯ изҳор дошт, ки ин аз он сабаб аст, ки маъмурияти ИМА зоҳиран наметавонад ризоияти Киевро ба даст орад, зеро Украина ва муттаҳидони аврупоии он то ҳол хаёлӣ ҳастанд ва орзуи "шикасти стратегӣ"-ро ба Русия дар майдони ҷанг доранд.
Путин қайд кард, ки мавқеи онҳо аз набудани маълумоти возеҳ дар бораи вазъи воқеи дар майдони ҷанг бармеояд.