https://sputnik.tj/20251123/tojikiston-platforma-yagonai-raqami-tandurusti-1073179716.html
Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамии тиббӣ роҳандозӣ мешавад
Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамии тиббӣ роҳандозӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи мобилии Tandurusti — дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назар аст рӯзҳои наздик барои истифодаи васеъ ба аҳолӣ пешниҳод гардад
2025-11-23T12:33+0500
2025-11-23T12:33+0500
2025-11-24T11:29+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
иҷтимоъ
вазорати тандурустии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/16/1073167974_0:11:3150:1783_1920x0_80_0_0_27572bd1f7ccc94a6577f5e5dbda44ef.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамӣ барои маълумоти тиббӣ ба кор андохта мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки портали Tandurusti.tj ҳамчун системаи марказии бақайдгирӣ, идоракунӣ ва мубодилаи маълумоти тиббӣ хидмат хоҳад кард.Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки Барномаи мобилии Tandurusti модулҳоеро ба мисли, сабти электронии таваллуду фавт, имуннизатсия (ваксинаҳо), телетиб (хизматрасонии тиббии фосилавӣ)-ро дар бар мегирад. Платформаи мазкур дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, айни ҳол ба таври пилотӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кор мекунад. Манбаъ афзуд, ки платформаи мазкур метавонад барои коҳиши сарфаи қоғаз ва гузаштан ба самти электронии сабти маълумот, дақиқият ва бехатарии баландтари маълумот, тезонидани ҳисоботдиҳӣ ҳамчунин мубодилаи автоматии маълумот бо Вазорати адлия, мониторинги онлайн ва беҳтар гардидани дастрасӣ ва шаффофияти хизматрасониҳо барои шаҳрвандон, мусоидат намояд. Барои номнавис шудан, бояд ба Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ дархост пешниҳод шавад. Баъд аз он ба корманди масъул логин ва парол сохта мешавад, ки дар натиҷа корманд ба сомонаи Tandurusti.tj дастрасӣ пайдо мекунад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки барномаи мобилӣ пас аз ба фаъолият даромадан барои шаҳрвандон низ хизматрасониҳои қулай фароҳам меорад. “Модули таваллуд — аллакай дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври пурра ба роҳ монда шудааст. Модули фавт — ҳамзамон фаъол буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо татбиқи он идома дорад. Имуннизатсия — дар марҳилаи ҳамгироӣ қарор дорад, густариши давлатӣ барои соли оянда ба нақша гирифта шудааст. AXS.tj — фаъол буда, навсозии техникӣ идома дорад. Телетиб — дар марҳилаи санҷишӣ дар якчанд районҳо ҷорӣ шудааст” – хабард доданд аз ниҳоди мазкур.
https://sputnik.tj/20220519/tojikiston-nizom-bimai-hatmi-tibbi-1048568914.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/16/1073167974_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_71d2ae71ac692f206c29497b44f165fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
платформа, ягонаи рақамии соҳаи тандурустӣ, тоҷикистон
платформа, ягонаи рақамии соҳаи тандурустӣ, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамии тиббӣ роҳандозӣ мешавад
12:33 23.11.2025 (Навсозишуда: 11:29 24.11.2025) Барномаи мобилии Tandurusti.tj — дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назар аст рӯзҳои наздик барои истифодаи васеъ ба аҳолӣ пешниҳод гардад
ДУШАНБЕ, 23 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон платформаи ягонаи рақамӣ барои маълумоти тиббӣ ба кор андохта мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки портали Tandurusti.tj ҳамчун системаи марказии бақайдгирӣ, идоракунӣ ва мубодилаи маълумоти тиббӣ хидмат хоҳад кард.
Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки Барномаи мобилии Tandurusti модулҳоеро ба мисли, сабти электронии таваллуду фавт, имуннизатсия (ваксинаҳо), телетиб (хизматрасонии тиббии фосилавӣ)-ро дар бар мегирад.
Платформаи мазкур дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, айни ҳол ба таври пилотӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кор мекунад.
“Платформа барои баланд бардоштани сифати идоракунӣ, шаффофияти равандҳо ва осон гардидани дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ равона шудааст”- иброз доштанд аз Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ афзуд, ки платформаи мазкур метавонад барои коҳиши сарфаи қоғаз ва гузаштан ба самти электронии сабти маълумот, дақиқият ва бехатарии баландтари маълумот, тезонидани ҳисоботдиҳӣ ҳамчунин мубодилаи автоматии маълумот бо Вазорати адлия, мониторинги онлайн ва беҳтар гардидани дастрасӣ ва шаффофияти хизматрасониҳо барои шаҳрвандон, мусоидат намояд.
“Дар марҳилаи аввал, номнавис ва дастрасӣ ба модулҳо танҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст” – мегӯяд манбаъ.
Барои номнавис шудан, бояд ба Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ дархост пешниҳод шавад. Баъд аз он ба корманди масъул логин ва парол сохта мешавад, ки дар натиҷа корманд ба сомонаи Tandurusti.tj дастрасӣ пайдо мекунад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки барномаи мобилӣ пас аз ба фаъолият даромадан барои шаҳрвандон низ хизматрасониҳои қулай фароҳам меорад.
“Модули таваллуд — аллакай дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври пурра ба роҳ монда шудааст. Модули фавт — ҳамзамон фаъол буда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо татбиқи он идома дорад. Имуннизатсия — дар марҳилаи ҳамгироӣ қарор дорад, густариши давлатӣ барои соли оянда ба нақша гирифта шудааст. AXS.tj — фаъол буда, навсозии техникӣ идома дорад. Телетиб — дар марҳилаи санҷишӣ дар якчанд районҳо ҷорӣ шудааст” – хабард доданд аз ниҳоди мазкур.