https://sputnik.tj/20220519/tojikiston-nizom-bimai-hatmi-tibbi-1048568914.html
Тоҷикистон мехоҳад низоми бимаи ҳатмии тиббиро ҷорӣ кунад
Тоҷикистон мехоҳад низоми бимаи ҳатмии тиббиро ҷорӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат ва ТУТ масъалаи ҷорӣ кардани суғуртаи тиббиро дар Тоҷикистон барои ҳамаи кормандони ташкилоту корхонаҳои кишвар баррасӣ мекунанд
2022-05-19T18:00+0500
2022-05-19T18:00+0500
2022-05-19T19:46+0500
дар тоҷикистон
бимаи тиббӣ
вазорати меҳнат
коргарон
иҷтимоъ
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102211/37/1022113735_0:0:2001:1125_1920x0_80_0_0_7e657ada578eba984508b68ca57ebedd.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон масъалаи суғуртаи ҳатмии тиббии кормандони ташкилоту корхонаҳои кишвар баррасӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ. Ин равандро дар Душанбе намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, масъалаи ҷорӣ кардани бимаи тиббии коргарон “муҳим ва зарурӣ” аст.Илова бар ин Маҳмадуллозода ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 341-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, ҳамаи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.Тибқи маълумоти ин ниҳод, маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба имтиёзҳои зерин сарф карда мешаванд:Ҷонибҳо гуфтаанд, ки ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони дорои шуғли мустақилона ва ғайрирасмӣ фаъолияткунанда зарур аст.Қайд карда шудааст, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳолӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102211/37/1022113735_32:0:1809:1333_1920x0_80_0_0_dd7ba4fefd79df9c9951448ac2947439.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон бимаи тиб
Тоҷикистон мехоҳад низоми бимаи ҳатмии тиббиро ҷорӣ кунад
18:00 19.05.2022 (Навсозишуда: 19:46 19.05.2022) Вазорати меҳнат ва ТУТ масъалаи ҷорӣ кардани суғуртаи тиббиро дар Тоҷикистон барои ҳамаи кормандони ташкилоту корхонаҳои кишвар баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон масъалаи суғуртаи ҳатмии тиббии кормандони ташкилоту корхонаҳои кишвар баррасӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ.
Ин равандро дар Душанбе намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, масъалаи ҷорӣ кардани бимаи тиббии коргарон “муҳим ва зарурӣ” аст.
"Ин ба манфиати коргарон буда, ба мустаҳкам шудани саломатии онҳо ва беҳтар шудани сифати хидматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад", — гуфта шудааст дар ҷаласа.
Илова бар ин Маҳмадуллозода ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 341-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, ҳамаи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, маблағҳои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба имтиёзҳои зерин сарф карда мешаванд:
имтиёзҳои оилавӣ ва дигар кумакҳо.
Ҷонибҳо гуфтаанд, ки ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифтани ҳамаи кормандони бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кироякорон, шахсони дорои шуғли мустақилона ва ғайрирасмӣ фаъолияткунанда зарур аст.
Қайд карда шудааст, ки такмили низоми суғуртаи тиббӣ барои кормандон дар Тоҷикистон бо назардошти вазъи иҷтимоию меҳнатӣ, талаботи аҳолӣ ва таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қобили таваҷҷуҳ аст.