https://sputnik.tj/20251121/tojikiston-purra-nizomi-yagona-energetiki-osiyoi-markazi-1073141775.html
Маълум шуд, кай Тоҷикистон пурра ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мепайвандад
Маълум шуд, кай Тоҷикистон пурра ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон авоили моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид
2025-11-21T16:55+0500
2025-11-21T16:55+0500
2025-11-21T16:55+0500
вазорати энергетика ва захираҳои об
далер ҷумъа
энержӣ
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_20:0:1202:665_1920x0_80_0_0_f576b0508f11f0e4f77d133082608ca1.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягона энергетикии Осиёи Марказӣ нимаи якуми соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.Дар ин бора, вазири энержии Тоҷикистон далер Ҷумъа, дар ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе иттилоъ дод.Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовинони Котиби кулли ИДМ ва СҲШ, ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-тахқиқотӣ ширкат кардаанд.Вазир зимни суханронияш ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора намуда, таъкид кард, ки барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикии минтақа, айни замон лоиҳаи азнавпайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодааст. Ин аст, ки дар доираи ин лоиҳа, қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид.Ҳамзамон, вазир ба баҳрабардорӣ расидани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" таъкид кард.Таъкид гардид, ки то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад. Дар ин самт, аллакай, корҳои мушаххас оғоз гардидаанд, афзуд вазир.Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ мутавозинтар гардад, махсусан дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба мавсими тирамоҳу зимистон рост меояд ва дар ин давра сатҳи воридшавии об ба неругоҳҳои барқи обӣ кам мегардад.
https://sputnik.tj/20251120/oghoz-sokhtmon-nerugoh-asht-jayhun-1073114850.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_92:0:979:665_1920x0_80_0_0_8985a86d9d3f2ec9fdd45249a3520272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низоми ягона, ом,
тоҷикистон, низоми ягона, ом,
Маълум шуд, кай Тоҷикистон пурра ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мепайвандад
Қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон авоили моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягона энергетикии Осиёи Марказӣ нимаи якуми соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора, вазири энержии Тоҷикистон далер Ҷумъа, дар ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ҷаласа дар қолаби ҳузурӣ ва маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он вазирон ва муовинони вазирони энергетикаи кишварҳои ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии ИДМ, муовинони Котиби кулли ИДМ ва СҲШ, ширкатҳои энергетикии давлатҳо ва марказҳои илмӣ-тахқиқотӣ ширкат кардаанд.
Вазир зимни суханронияш ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора намуда, таъкид кард, ки барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикии минтақа, айни замон лоиҳаи азнавпайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодааст.
Ин аст, ки дар доираи ин лоиҳа, қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид.
Ҳамзамон, вазир ба баҳрабардорӣ расидани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" таъкид кард.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, айни замон сохтмони Нергоҳи барқи обии "Роғун" бо иқтидори 3780 МВт идома дорад", – илова намуд Далер Ҷумъа.
Таъкид гардид, ки то соли 2030 иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад.
Дар ин самт, аллакай, корҳои мушаххас оғоз гардидаанд, афзуд вазир.
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ мутавозинтар гардад, махсусан дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба мавсими тирамоҳу зимистон рост меояд ва дар ин давра сатҳи воридшавии об ба неругоҳҳои барқи обӣ кам мегардад.