https://sputnik.tj/20251120/oghoz-sokhtmon-nerugoh-asht-jayhun-1073114850.html
Дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ пайдо мешаванд
Дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ пайдо мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳар ду иншоот бо арзиши 250 млн доллар сохта мешавад ва интизор меравад, ки беш аз 115 ҳазор хоҷагиро бо барқ таъмин мекунад
2025-11-20T15:17+0500
2025-11-20T15:17+0500
2025-11-20T17:57+0500
энергетика
дар тоҷикистон
сохтмони нерӯгоҳ
нав
суғд
хатлон
ҷайҳун
ашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067149276_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_4f1fb1a69afe952721865af771b27468.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ оғоз шуд.Ба сохтмони ду нерӯгоҳи ҷадид, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон, пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум, фосилавӣ оғоз бахшид, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷмуҳур.Дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.Ҳар ду иншоот бо арзиши 250 млн доллари амрикоӣ сохта мешавад.Интизор меравад, ки баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои болозикр то моҳи августи соли 2026 сохта ба истифода дода шаванд.Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 млн доллар амалӣ мешавад.Иттилоъ дода шуд, ки бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор - Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.
https://sputnik.tj/20251120/nerugoh-qayroqqum-kor-daromad-1073108131.html
суғд
ҷайҳун
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067149276_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_a4d0642c429e4a5ba85ae3b670166472.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ашт, ҷайҳун, неругоҳҳои офтобӣ
ашт, ҷайҳун, неругоҳҳои офтобӣ
Дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ пайдо мешаванд
15:17 20.11.2025 (Навсозишуда: 17:57 20.11.2025) Ҳар ду иншоот бо арзиши 250 млн доллар сохта мешавад ва интизор меравад, ки беш аз 115 ҳазор хоҷагиро бо барқ таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ оғоз шуд.
Ба сохтмони ду нерӯгоҳи ҷадид, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон, пас аз ба кор даровардани 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум, фосилавӣ оғоз бахшид, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷмуҳур.
Дар доираи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт бунёд карда мешавад.
Ҳар ду иншоот бо арзиши 250 млн доллари амрикоӣ сохта мешавад.
Интизор меравад, ки баъд аз ба истифода додани онҳо сатҳи барқтаъминкунӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои болозикр то моҳи августи соли 2026 сохта ба истифода дода шаванд.
Лоиҳаи сохтмони неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт барои таъмини 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ ва кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера дар масоҳати 750 гектар бо арзиши 125 млн доллар амалӣ мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт то моҳи августи соли 2026 идома ёфта, дар корҳои сохтмонии он наздики 600 кас ба кор ҷалб мешаванд, ки аксари онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур 30 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун аз ҷониби сармоягузори маҳаллӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Аён Энерҷӣ ва паймонкор - Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба анҷом расонида мешавад.