https://sputnik.tj/20251121/peskov-maskav-rozigii-kiev-muzokirot-ogoh-1073139976.html
Песков гуфт, Маскав аз розигии Киев барои аз сар гирифтани музокирот огоҳӣ надорад
Песков гуфт, Маскав аз розигии Киев барои аз сар гирифтани музокирот огоҳӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳанӯз аз розигии Зеленский барои гуфтушунид дар бораи нақшаи ИМА, огаҳӣ надорад
2025-11-21T13:17+0500
2025-11-21T13:17+0500
2025-11-21T13:17+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
музокирот
русия
украина
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/16/1072339444_546:128:3159:1598_1920x0_80_0_0_790ca4a68abf8ef3dfda07c8e3cb231e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия ҳанӯз аз омодагии Владимир Зеленский барои баргузории вохӯрӣ барои баррасии созишномаи Амрико барои ҳалли низоъ, хабардор карда нашудааст.Дар ин бора, хабарнигори Life Александр Юнашев бо истинод ба котиби матбуотии президент Дмитрий Песков гузориш дод.Дар бораи созишномаи пешниҳодкардаи Вашингтон чӣ маълум аст?Портали Axios хабар дод, ки ИМА бо Русия, барои таҳияи нақшаи сулҳ, ки аз 28 банди ба чор категория тақсимшуда иборат аст, "машваратҳои махфӣ"-ро, баргузор мекунад: сулҳ, кафолатҳо барои Украина, ки бар асоси моддаи 5-уми НАТО таҳия шудаанд, амният дар Аврупо ва муносибатҳои ояндаи тарафҳо бо Иёлоти Муттаҳида.Рӯзи пеш, котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролин Левитт шарҳ дод, ки Вашингтон бо ҳарду кишвар музокирот анҷом медиҳад. Тибқи иттилои NBC, ин ҳуҷҷатро фиристодаи махсус Стив Уиткофф, ноиби президент Ҷ.Д. Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер таҳия кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, нақша аз бандҳои зерин иборат аст: Ба гуфтаи Financial Times, мақомоти амрикоӣ интизоранд, ки Зеленский то 27 ноябр ин ҳуҷҷатро имзо кунад.Песков пештар қайд кард, пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, дар мавриди ҳалли низоъ ҳеҷ гуна таҳаввулоте ба амал наомадааст.
https://sputnik.tj/20251120/tramp-naqsha-hal-nizo-ukraina-1073112070.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/16/1072339444_549:0:2771:1666_1920x0_80_0_0_699b9c7d18afe610d7d2ab38359f2ead.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокироти ниҳоӣ, русия, украина
музокироти ниҳоӣ, русия, украина
Песков гуфт, Маскав аз розигии Киев барои аз сар гирифтани музокирот огоҳӣ надорад
Русия ҳанӯз аз розигии Зеленский барои гуфтушунид дар бораи нақшаи ИМА, огаҳӣ надорад
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия ҳанӯз аз омодагии Владимир Зеленский барои баргузории вохӯрӣ барои баррасии созишномаи Амрико барои ҳалли низоъ, хабардор карда нашудааст.
Дар ин бора, хабарнигори Life Александр Юнашев бо истинод ба котиби матбуотии президент Дмитрий Песков гузориш дод.
"Маскав ҳанӯз аз розигии Зеленский барои музокироти нақшаи сулҳ огоҳ карда нашудааст", - гуфтааст Песков.
Дар бораи созишномаи пешниҳодкардаи Вашингтон чӣ маълум аст?
Портали Axios хабар дод, ки ИМА бо Русия, барои таҳияи нақшаи сулҳ, ки аз 28 банди ба чор категория тақсимшуда иборат аст, "машваратҳои махфӣ"-ро, баргузор мекунад: сулҳ, кафолатҳо барои Украина, ки бар асоси моддаи 5-уми НАТО таҳия шудаанд, амният дар Аврупо ва муносибатҳои ояндаи тарафҳо бо Иёлоти Муттаҳида.
Рӯзи пеш, котиби матбуотии Кохи Сафед Кэролин Левитт шарҳ дод, ки Вашингтон бо ҳарду кишвар музокирот анҷом медиҳад.
Тибқи иттилои NBC, ин ҳуҷҷатро фиристодаи махсус Стив Уиткофф, ноиби президент Ҷ.Д. Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер таҳия кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, нақша аз бандҳои зерин иборат аст:
интиқоли тамоми қаламрави Донбасс ба Русия дар ивази кафолатҳои амниятӣ аз ҷониби ИМА;
ях кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон;
бекор кардани таҳримҳо алайҳи Маскав;
эътирофи расмии Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия;
кам кардани кумаки низомии Амрико ва шумораи артиши Украина;
манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ дар Украина;
набудани силоҳ дар Киев, ки қодир ба ҳамла ба умқи Русия бошад;
муқаррар кардани мақоми расмии Калисои православии каноникии Украина ва эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони давлатӣ.
Ба гуфтаи Financial Times, мақомоти амрикоӣ интизоранд, ки Зеленский то 27 ноябр ин ҳуҷҷатро имзо кунад.
Песков пештар қайд кард, пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, дар мавриди ҳалли низоъ ҳеҷ гуна таҳаввулоте ба амал наомадааст.