https://sputnik.tj/20251120/tramp-naqsha-hal-nizo-ukraina-1073112070.html
ВАО: Трамп нақшаи ҳалли низои Украинаро тасдиқ кард
ВАО: Трамп нақшаи ҳалли низои Украинаро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Нақша аз 28 банд иборат аст, аз ҷумла эътирофи Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия аз ҷониби Вашингтон ва коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев
2025-11-20T14:25+0500
2025-11-20T14:25+0500
2025-11-20T14:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
нақша
украина
има
русия
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073107559_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_452f4ee4f8ccb6470415b962c5b82314.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи 28-бандиро барои сулҳ дар Украина тасдиқ кард. Дар ин бора, шабакаи NBC бо истинод ба як мақоми баландпояи Кохи Сафед хабар дод. "Трамп аввали ин ҳафта нақшаи 28-бандиро барои сулҳ байни Русия ва Украина тасдиқ кард, ки дар тӯли чанд ҳафтаи охир аз ҷониби мақомоти баландпояи маъмурият бо машварати сафири Русия Кирилл Дмитриев ва мақомоти Украина оромона таҳия шудааст", - қайд кард шабака.Axios қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон бо Маскав барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низои Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.Нақша аз 28 банд иборат аст, аз ҷумла эътирофи Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия аз ҷониби Вашингтон, кам кардани кумаки низомии Амрико ба Киев, мақоми расмии Калисои православии каноникии Украина, эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украина ва кам кардани шумораи артиши Украина. Бо вуҷуди ин, маълум нест, ки Киев ва шарикони аврупоии он ба ин нақша чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд.Тибқи иттилои NBC, ин лоиҳа аз ҷониби фиристодаи махсуси ИМА Стив Уиткофф, ноиби президент Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер таҳия шудааст. Тавре ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков қайд кард, аз замони мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, ки дар он ҷо ин масъаларо баррасӣ карданд, дар робита ба ҳалли сулҳ дар Украина ягон таҳаввулот ба амал наомадааст.
https://sputnik.tj/20251112/lavrov-durnamo-hall-nizo-ukraina-1072867018.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073107559_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7ad3d9ba8b8de364e7354cd86b03f35a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, нақшаи ҳалли низоъ, украина
трамп, нақшаи ҳалли низоъ, украина
ВАО: Трамп нақшаи ҳалли низои Украинаро тасдиқ кард
Нақша аз 28 банд иборат аст, аз ҷумла эътирофи Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия аз ҷониби Вашингтон ва коҳиши кумаки низомии Амрико ба Киев
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи 28-бандиро барои сулҳ дар Украина тасдиқ кард.
Дар ин бора, шабакаи NBC бо истинод ба як мақоми баландпояи Кохи Сафед хабар дод.
"Трамп аввали ин ҳафта нақшаи 28-бандиро барои сулҳ байни Русия ва Украина тасдиқ кард, ки дар тӯли чанд ҳафтаи охир аз ҷониби мақомоти баландпояи маъмурият бо машварати сафири Русия Кирилл Дмитриев ва мақомоти Украина оромона таҳия шудааст", - қайд кард шабака.
Axios қаблан хабар дода буд, ки Вашингтон бо Маскав барои таҳияи нақшаи нав барои ҳалли низои Украина, "машваратҳои махфӣ" анҷом медиҳад.
Нақша аз 28 банд иборат аст, аз ҷумла эътирофи Қрим ва Донбасс ҳамчун қаламравҳои Русия аз ҷониби Вашингтон, кам кардани кумаки низомии Амрико ба Киев, мақоми расмии Калисои православии каноникии Украина, эълон кардани забони русӣ ҳамчун забони расмӣ дар Украина ва кам кардани шумораи артиши Украина.
Бо вуҷуди ин, маълум нест, ки Киев ва шарикони аврупоии он ба ин нақша чӣ гуна вокуниш нишон медиҳанд.
Тибқи иттилои NBC, ин лоиҳа аз ҷониби фиристодаи махсуси ИМА Стив Уиткофф, ноиби президент Вэнс, котиби давлатӣ Марко Рубио ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер таҳия шудааст.
Тавре ки сухангӯи Кремл Дмитрий Песков қайд кард, аз замони мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, ки дар он ҷо ин масъаларо баррасӣ карданд, дар робита ба ҳалли сулҳ дар Украина ягон таҳаввулот ба амал наомадааст.