https://sputnik.tj/20251120/terroris-afghoniston-zaboni-tojiki-tablighot-1073119132.html
Террористон дар Афғонистон ба забони тоҷикӣ таблиғоти онлайн анҷом медиҳанд
Террористон дар Афғонистон ба забони тоҷикӣ таблиғоти онлайн анҷом медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, арзиши паст ва дастрасии умумии онҳо ба шиддат гирифтани таблиғоти террористӣ мусоидат мекунад
2025-11-20T17:24+0500
2025-11-20T17:24+0500
2025-11-20T17:24+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101480/77/1014807752_0:61:1600:961_1920x0_80_0_0_e7d0b097b3b7f6f9a1167bd09ddc217d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Филиали Афғонистонии ДОИШ, Вилояти Хуросон,(ки дар Русия мамнӯъ аст), бештар ба густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад. Инро Евгений Сисоев, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии илмӣ ва амалӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, террористон "талошҳои ҳамлаварона барои ҷалби афрод, бахусу диаспораи Осиёи Марказӣ дар хориҷа" анҷом медиҳанд. "Барои ин, онҳо таблиғоти фаъоли онлайнро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ ва чизе, ки қаблан нодида гирифта шуда буд, қазоқӣ роҳандозӣ кардаанд", - қайд кард мудири роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ. Ба гуфтаи Сисоев, рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, дастрасӣ ба онҳо, ки ба террористон имкон медиҳад, ки аз шабакаҳо барои эҷоди конкенти ғайриқонунӣ истифода баранд, ин таблиғотро тақвият медиҳад."Ҳам хусусияти ошкорои таҳрикдиҳанда ва ҳам хусусияти пинҳони манипулятсия", - илова кард ӯ.Ғайр аз ин, созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Ховари Миёна интиқоли ҷангиёнро ба Афғонистон афзоиш додаанд, идома дод ӯ. Дар ин ҷо террористон ба густариши нуфузи худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунанд, - шарҳ дод ӯ. "Ҳамзамон, мо афзоиши амалиёти интиқоли ҷангиёнро аз Ховари Миёна ба Афғонистон, ба шохаи афғонии ДОИШ, Вилояти Хуросон (ки дар Русия мамнӯъ аст), ки ба фаъолтарин сохтори террористӣ табдил ёфтааст, мушоҳида мекунем", - гуфт Сисоев. Дар Тошканд рӯзи панҷшанбе конфронси байналмилалии илмӣ ва амалии дурӯза оид ба мубориза аайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) кушода шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони СММ, САҲА, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Интерпол ширкат доранд.
https://sputnik.tj/20251119/didori-hayati-tojikiston-vaziron-istikhboroti-tolibon-1073079182.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101480/77/1014807752_120:0:1481:1021_1920x0_80_0_0_d86e6a5ea1f6f53023bc502696e4d7dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
террористон, афғонистон,
Террористон дар Афғонистон ба забони тоҷикӣ таблиғоти онлайн анҷом медиҳанд
Рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, арзиши паст ва дастрасии умумии онҳо ба шиддат гирифтани таблиғоти террористӣ мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Филиали Афғонистонии ДОИШ, Вилояти Хуросон,(ки дар Русия мамнӯъ аст), бештар ба густариши нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад.
Инро Евгений Сисоев, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ, зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии илмӣ ва амалӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, террористон "талошҳои ҳамлаварона барои ҷалби афрод, бахусу диаспораи Осиёи Марказӣ дар хориҷа" анҷом медиҳанд.
"Барои ин, онҳо таблиғоти фаъоли онлайнро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ ва чизе, ки қаблан нодида гирифта шуда буд, қазоқӣ роҳандозӣ кардаанд", - қайд кард мудири роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ.
Ба гуфтаи Сисоев, рушди босуръати платформаҳои зеҳни сунъӣ, дастрасӣ ба онҳо, ки ба террористон имкон медиҳад, ки аз шабакаҳо барои эҷоди конкенти ғайриқонунӣ истифода баранд, ин таблиғотро тақвият медиҳад.
"Ҳам хусусияти ошкорои таҳрикдиҳанда ва ҳам хусусияти пинҳони манипулятсия", - илова кард ӯ.
Ғайр аз ин, созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Ховари Миёна интиқоли ҷангиёнро ба Афғонистон афзоиш додаанд, идома дод ӯ.
Дар ин ҷо террористон ба густариши нуфузи худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунанд, - шарҳ дод ӯ.
"Ҳамзамон, мо афзоиши амалиёти интиқоли ҷангиёнро аз Ховари Миёна ба Афғонистон, ба шохаи афғонии ДОИШ, Вилояти Хуросон (ки дар Русия мамнӯъ аст), ки ба фаъолтарин сохтори террористӣ табдил ёфтааст, мушоҳида мекунем", - гуфт Сисоев.
Дар Тошканд рӯзи панҷшанбе конфронси байналмилалии илмӣ ва амалии дурӯза оид ба мубориза аайҳи терроризм дар кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) кушода шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони СММ, САҲА, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва Интерпол ширкат доранд.