Дидори ҳайати Тоҷикистон бо раиси вазирон ва раиси истихбороти Толибон*

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкВид на город Кабул. Иллюстративное фото
Вид на город Кабул. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2025
Обуна шудан
Ҳайати бандпояи Тоҷикистон рӯзи чаҳорум аст, ки дар Кобул аст ва бо мақомоти аршади Толибон* дидору гуфтугӯ дорад.
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳайати 14 нафарии Тоҷикистон, ки аз чаҳор рӯз ба ин сӯ дар Кобул ҳузур дорад, афзун бар дидорҳо бо мақомҳои дигари Толибон*, бо раиси вазирону раиси истихбороти онон низ дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Мақомоти Толибон* токунун ҷузъиёти ин ду гуфтугӯро шарҳ надодаанд.
Ин ҳайати пеш аз ин бо вазирони хориҷа ва умури сарҳаддоти Толибон* дидор кардааст.
Ин ду вазорат хабар дода буданд, ки дар ин дидорҳо дар бораи амният, тавсеаи равобити дуҷониба, чолишҳои марзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва тасбити марзи Афғонистону Тоҷикистони гуфтугӯ шудааст.
Дар баёнияи вазорати сарҳаддот, ақвому қабоили Толибон* омадааст, ки дар ин дидор, ҳайатҳои ҳар ду кишвар дар мавриди амния , густариши равобит, мушкилоти сарҳадӣ ва тасбити сарҳади муштарак гуфтугӯ намуданд.
Ин нахустин сафари як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба Кобул дар беш аз чаҳор соли ҳокимияти дубораи Толибон* дар Афғонистон аст.
Толибон* ба ҷузъиёти гуфтугӯҳо рӯй масоили амниятӣ ва чолишҳои марзӣ напардохтаанд.
Встреча министра пограничных дел движения Талибан* Нурулло Нури и первого заместителя начальника Пограничных войск Государственного комитета национальной безопасности Таджикистана Мирзодода Абдулвохида  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Тоҷикистону Толибон* хоҳони ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳи гуфтугӯ шуданд
Душанбе пайваста аз таҳдидҳои фаромарзӣ аз Афғонистон ба вижа аз таҳдиди ДОИШ**-и Хуросон иброз нигаронӣ кардааст. Аз ҳамин рӯи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шумули Русия ва Тоҷикистон, тарҳи тақвияти тадобири марзӣ миёни Афғонистону Тоҷикистонро тасвиб карданд то бо афзоиши зерсохтҳои Низомии марзии ва афзоиши нерӯ, ҷилави ончӣ ки таҳдидҳои бархеста аз Афғонистон зери идораи Толибон* хонда мешавадро бигиранд.
Қочоқи маводи мухаддири нигаронии дигари Тоҷикистон дар беш аз чаҳор соли гузашта буд ки пайвастаи матраҳ шудааст.
Ҳайати чаҳордаҳ нафарии Тоҷикистон дар Кобули шомили мақомҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва вазорати хориҷаи ин кишвар ба шумӯли фиристодаи вижа Тоҷикистон мешавад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0