Агрегатҳои нерӯгоҳи Қайроққум пас аз навсозӣ ба кор даромад: лимит намешавад?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон ввел в эксплуатацию три гидроагрегата Кайраккумской ГЭС после их модернизации.
Эмомали Рахмон ввел в эксплуатацию три гидроагрегата Кайраккумской ГЭС после их модернизации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2025
Обуна шудан
Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқӣ, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шудааст ва акнун дастрасии мардум ба барқ беҳтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ширктаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон, 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққум баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гузориш медиҳад.
Дар доираи лоиҳа, 6 гидроагрегат ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори истеҳсол дар он 60 МВт зиёд карда шудааст.
Дар доираи қисми яки лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи Қайроққум бо ҷалби шарикони рушд ва мутахассисони дохилию хориҷӣ то имрӯз
таҷҳизоти толори мошинҳо,
дастгоҳи идоракунии турбинаҳо,
трансформаторҳои системаи ангезишӣ,
дастгоҳи идоракунии зери фишор,
системаи идоракунии гидроагрегат,
7 трансформатори иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳҳо иваз карда шуда, ба ҷойи дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кВ дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб гардидааст.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи навсозӣ, сарбанди неругоҳ мустаҳкам карда шуда, 5 крани борбардор низ навсозӣ шудааст.
То соли 2026 дар доираи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои ватанию хориҷӣ корҳои таъмири биноҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва мумфаршкунии роҳ идома дода мешавад.
Аснои шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки дар доираи лоиҳа корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

НБО Қайроққум

Неругоҳ аз 6 гидроагрегат иборат буда, охирини он соли 1956 бо тавоноии лоиҳавии 21 МВт ба кор дароварда шуда буд.
Дар тули 69 соли фаъолият, гидроагрегат ва дигар таҷҳизоти асосии неругоҳ куҳна шуда, иқтидори истеҳсолии он то 12 МВт коҳиш ёфта буд.
Кайраккумская ГЭС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2025
Маълум шуд, кай таҷдиди нерӯгоҳи "Қайроққум" пурра ба анҷом мерасад
Аз соли 2019, корҳои навсозӣ дар иншоот шуруъ гардида, дар муддати қариб 7 сол 6 гидроагрегати неругоҳ пурра навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо ба 29 МВт расонда шуд.
Қабл аз оғози корҳои навсозӣ истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳ 650 млн. кВт. соатро ташкил медод. Пас аз навсозии 6 гидроагрегати неругоҳ ва пайваст намудани он ба шабакаи барқи, иқтидории истеҳсол ба 900 млн.кВт. соат расонида шуд.
Ин дар ҳолест, ки гарчанде мақомоти тоҷик аз ҷорӣ шудани лимити барқ расман гузориш надодаанд, вале мардуми вилояти Суғд ва дигар шаҳру навоҳӣ аз барқкушӣ шикоят мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0