https://sputnik.tj/20251120/afzoish-sodiroti-eron-avruosiyo-1073093100.html
Афзоиши 16 дарсадии содироти Эрон ба АвруОсиё
Афзоиши 16 дарсадии содироти Эрон ба АвруОсиё
Sputnik Тоҷикистон
Як мақоми эронӣ гуфт дар шаш моҳаи аввали имсол, содироти Эрон ба ин Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 16% афзоиш ёфтааст
2025-11-20T10:49+0500
2025-11-20T10:49+0500
2025-11-20T15:57+0500
ииао
авруосиё
рушд
эрон
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072941130_0:164:3056:1883_1920x0_80_0_0_7e2ef176186400385d11cc68de39bad6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Мирҳод Саидӣ мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат аз амалкарди муваффақ мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону АвруОсиё хабар дод.Вай гуфт, дар тӯли панҷ сол ва ним гузашта, содироти Эрон ба 5 кишвари АвруОсиё аз наздик ба 600 милюн доллар ба 2 миллиард доллар расид, яъне 3,3 баробар шуд.Ин мақоми масъӯл, афзуд ҳаҷми кули тиҷорати Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё низ дар тӯли ин муддат аз ҳудуди ду ва ним миллиард доллар ба ҳудуди 6 миллиард доллар расидааст.Ба гуфта Саидӣ, бо иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати озод, ки қаблан имзо шуда буд, дар шаш моҳаи аввали имсол, содироти Эрон ба ин иттиҳодияи 16% рушд доштааст.Мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат, бо истинод ба омори созмони ҷаҳонии тиҷорат таъкид кард, ки беш аз нисфи содироти ҷаҳонӣ ба кишварҳое содир мешавад, ки бо ҳам паймон ё мувофиқатномаи тиҷорат озод доранд.Вай афзуд, ки теъдоди ин мувофиқатномаҳо дар тӯли 30 соли гузашта аз 70 маврид ба беш аз 800 маврид дар ҷаҳони расида, ки нишондиҳанда асарбахшии онҳост.Саидӣ дар поёни иброз умедворӣ кард, ки пайвастан ба паймонҳоӣ монанди БРИКС ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ дар оянда битавонад заминаҳои лозим барои тасҳили тиҷорату тавсеаи содироти Эрон бо ин кишварҳоро фароҳам кунад.
https://sputnik.tj/20251001/sozishnoma-tijorat-iiao-eron-1071657873.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0e/1072941130_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_549cdfcd394ebd174c93bad856e8d9af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, содирот, эрон, рушд, афзоиш, ҳамкорӣ, равобит
ииао, иқтисод, содирот, эрон, рушд, афзоиш, ҳамкорӣ, равобит
Афзоиши 16 дарсадии содироти Эрон ба АвруОсиё
10:49 20.11.2025 (Навсозишуда: 15:57 20.11.2025) Як мақоми эронӣ гуфт дар шаш моҳаи аввали имсол, содироти Эрон ба ин Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 16% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Мирҳод Саидӣ мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат аз амалкарди муваффақ мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону АвруОсиё хабар дод.
Вай гуфт, дар тӯли панҷ сол ва ним гузашта, содироти Эрон ба 5 кишвари АвруОсиё аз наздик ба 600 милюн доллар ба 2 миллиард доллар расид, яъне 3,3 баробар шуд.
Ин мақоми масъӯл, афзуд ҳаҷми кули тиҷорати Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё низ дар тӯли ин муддат аз ҳудуди ду ва ним миллиард доллар ба ҳудуди 6 миллиард доллар расидааст.
Ба гуфта Саидӣ, бо иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати озод, ки қаблан имзо шуда буд, дар шаш моҳаи аввали имсол, содироти Эрон ба ин иттиҳодияи 16% рушд доштааст.
Мушовири умури байналмилали Созмони тавсеаи тиҷорат, бо истинод ба омори созмони ҷаҳонии тиҷорат таъкид кард, ки беш аз нисфи содироти ҷаҳонӣ ба кишварҳое содир мешавад, ки бо ҳам паймон ё мувофиқатномаи тиҷорат озод доранд.
Вай афзуд, ки теъдоди ин мувофиқатномаҳо дар тӯли 30 соли гузашта аз 70 маврид ба беш аз 800 маврид дар ҷаҳони расида, ки нишондиҳанда асарбахшии онҳост.
Саидӣ дар поёни иброз умедворӣ кард, ки пайвастан ба паймонҳоӣ монанди БРИКС ва Созмони Ҳамкории Шанхай низ дар оянда битавонад заминаҳои лозим барои тасҳили тиҷорату тавсеаи содироти Эрон бо ин кишварҳоро фароҳам кунад.