https://sputnik.tj/20251001/sozishnoma-tijorat-iiao-eron-1071657873.html
Оверчук: Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод
Оверчук: Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини нахуствазири Русия қайд кард, ки чунин созишнома бо Индонезия то охири сол имзо мешавад
2025-10-01T13:29+0500
2025-10-01T13:29+0500
2025-10-01T13:29+0500
ииао
эрон
созишнома
савдо
гардиши молу коло
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/01/1071658135_0:79:2791:1649_1920x0_80_0_0_1d672c746cb60c58f0ddf1be869b99b1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва созишномаи тиҷорати озоди Эрон гардиши молро фавран 35% афзоиш доданд. Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар пайи нишасти Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск ба хабарнигорон гуфтааст, гузориш медиҳад ТАСС.Вай ҳамчунин эълом кард, ки интизор меравад то охири сол як созишномаи мушобеҳ бо Индонезия имзо шавад. Ба гуфтаи ӯ, феълан расмиёти созишнома омода карда мешавад.Ин созишнома дар бораи транзити гумрукӣ дар доираи ИИАО аст, ки асосан ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва фароҳам овардани шароит барои убури бефосилаи сарҳади хориҷӣ ва дохилӣ нигаронида шудааст.Муовини сарвазири Русия дар хотима гуфтааст, ки миқдори хеле зиёди ташаббусҳое амалӣ мешаванд, ки ба рушди иқтисодии кишварҳои ИИАО таъсири воқеии мусбат мерасонанд.
https://sputnik.tj/20250929/bozorgohhoi-majozii-iiao-bozori-eron-yoband-1071604325.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/01/1071658135_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_49c6de51ed9465ed1b4d3fa5817cfb03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ииао, пайвастан
Оверчук: Созишномаи тиҷорати озоди ИИАО ва Эрон савдоро 35% афзоиш дод
Муовини нахуствазири Русия иттилоъ дод, ки чунин созишнома бо Индонезия низ, то охири сол имзо мешавад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва созишномаи тиҷорати озоди Эрон гардиши молро фавран 35% афзоиш доданд.
Дар ин бора, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар пайи нишасти Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Минск ба хабарнигорон гуфтааст, гузориш медиҳад ТАСС.
"Созишномаи тиҷорати озод бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алакай ба таври фаъол иҷро мешавад. Гузашта аз ин, аз моҳи май, вақте ки он эътибор пайдо кард, мо аллакай дар моҳи июл афзоиши қобили мулоҳизаи 35 дарсадии тиҷорати мутақобиларо мушоҳида кардем", - гуфт муовини нахуствазир.
Вай ҳамчунин эълом кард, ки интизор меравад то охири сол як созишномаи мушобеҳ бо Индонезия имзо шавад.
Ба гуфтаи ӯ, феълан расмиёти созишнома омода карда мешавад.
"Шарикони мо, аз ҷумла, Узбекистон, кишвари нозир дар ИИАО ва як қатор кишварҳои дигар ба созишномаи имзокардаи кишварҳои узви ИИАО, ки барои кишварҳои сеюм кушода аст, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд", - гуфт ӯ.
Ин созишнома дар бораи транзити гумрукӣ дар доираи ИИАО аст, ки асосан ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва фароҳам овардани шароит барои убури бефосилаи сарҳади хориҷӣ ва дохилӣ нигаронида шудааст.
Муовини сарвазири Русия дар хотима гуфтааст, ки миқдори хеле зиёди ташаббусҳое амалӣ мешаванд, ки ба рушди иқтисодии кишварҳои ИИАО таъсири воқеии мусбат мерасонанд.