https://sputnik.tj/20251119/tojikiston-maoshi-baland-megirad-1073061809.html
Дар Тоҷикистон кӣ аз ҳама маоши баландро мегирад?
Дар Тоҷикистон кӣ аз ҳама маоши баландро мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиеро, ки бештарин маош дар кишварро мегиранд, муайян кардааст
2025-11-19T10:49+0500
2025-11-19T10:49+0500
2025-11-19T10:49+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маош
музди меҳнат
омор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056617_0:136:2000:1261_1920x0_80_0_0_90facb04297bc17b9c0a81cf6704f0b7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон, рушди иқтисод боиси афзоиши музди меҳнат дар бахшҳои гуногун мегардад.Тибқи маълумоти охирин, музди меҳнати баландтаринро коргарони соҳаи суғурта ва брокерӣ мегиранд, ки бо ҳисоби миёнаи моҳона онҳо 7300 сомониро ташкил медиҳад.Мутахассисони бахши иттилоот ва коммуникатсия низ маоши хуб мегиранд ва музди меҳнати миёнаионҳо тақрибан 5600 сомониро ташкил медиҳад.Кӯҳкорӣ ва конканӣ низ дар байни сегонаи коргарони сермаоштарин қарор гирифтааст. Кормандон ин соҳа ба ҳисоби миёна 4700 сомонӣ маош мегиранд.Кормандони соҳаи таъминоти барқ ва газ, инчунин нақлиёт ва нигоҳдории бор мутаносибан ба ҳисоби миёна 4000 ва 3400 сомонӣ маош мегиранд.Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2026 барои пардохти музди меҳнат ба коргарони соҳаҳои гуногун маблағҳои бештар ҷудо мекунад.Тибқи ҳуҷҷате, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои соли оянда таҳия кардааст, ин тақрибан 26,4% бештар аз рақамҳои соли 2025 аст.Ҳамин тариқ, маблағи сарфшуда барои музди меҳнат дар Тоҷикистон дар соли 2026 ба қариб 8,4% ММД баробар хоҳад шуд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки музди меҳнати миёна дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон афзоиш меёбад.Масалан, интизор меравад, ки мутахассисон дар соли 2025 дар Душанбе, ки музди меҳнати миёна дар як моҳ 3500 сомонӣ аст, бештар даромад гиранд.Бо вуҷуди он ки Душанбе аз рӯи музди меҳнат дар ҷойи аввал қарор дорад, пойтахт сусттарин афзоишро нишон медиҳад ва музди меҳнат дар шаш моҳи охир танҳо 15,7% афзоиш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол, музди меҳнат дар Хатлон бо суръати бештар, беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20251019/muzd-mehnat-khatlon-baland-1072211790.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073056617_169:0:1949:1335_1920x0_80_0_0_39cbd3ffb6ffff3afe853550ba569823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маош, музди меҳнат, баландтарин, омор, аҳолӣ
тоҷикистон, маош, музди меҳнат, баландтарин, омор, аҳолӣ
Дар Тоҷикистон кӣ аз ҳама маоши баландро мегирад?
Агентии омори Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиеро, ки бештарин маош дар кишварро мегиранд, муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон, рушди иқтисод боиси афзоиши музди меҳнат дар бахшҳои гуногун мегардад.
Тибқи маълумоти охирин, музди меҳнати баландтаринро коргарони соҳаи суғурта ва брокерӣ мегиранд, ки бо ҳисоби миёнаи моҳона онҳо 7300 сомониро ташкил медиҳад.
Мутахассисони бахши иттилоот ва коммуникатсия низ маоши хуб мегиранд ва музди меҳнати миёнаионҳо тақрибан 5600 сомониро ташкил медиҳад.
Кӯҳкорӣ ва конканӣ низ дар байни сегонаи коргарони сермаоштарин қарор гирифтааст. Кормандон ин соҳа ба ҳисоби миёна 4700 сомонӣ маош мегиранд.
Кормандони соҳаи таъминоти барқ ва газ, инчунин нақлиёт ва нигоҳдории бор мутаносибан ба ҳисоби миёна 4000 ва 3400 сомонӣ маош мегиранд.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2026 барои пардохти музди меҳнат ба коргарони соҳаҳои гуногун маблағҳои бештар ҷудо мекунад.
Тибқи ҳуҷҷате, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои соли оянда таҳия кардааст, ин тақрибан 26,4% бештар аз рақамҳои соли 2025 аст.
Ҳамин тариқ, маблағи сарфшуда барои музди меҳнат дар Тоҷикистон дар соли 2026 ба қариб 8,4% ММД баробар хоҳад шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки музди меҳнати миёна дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Масалан, интизор меравад, ки мутахассисон дар соли 2025 дар Душанбе, ки музди меҳнати миёна дар як моҳ 3500 сомонӣ аст, бештар даромад гиранд.
Бо вуҷуди он ки Душанбе аз рӯи музди меҳнат дар ҷойи аввал қарор дорад, пойтахт сусттарин афзоишро нишон медиҳад ва музди меҳнат дар шаш моҳи охир танҳо 15,7% афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, музди меҳнат дар Хатлон бо суръати бештар, беш аз 30% афзоиш ёфтааст.