Баъд аз тағйироти кадрӣ дар ВУХ Раҳмон ба Суғд сафар кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум вориди вилояти Суғд шуд.
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд раҳбари кишварро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои мақомот дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.
Нахуст раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои манбаъ, бинои нави Маркази саратоншиносӣ, ки аз 6 ошёна иборат аст, бо маблағгузории Мақомоти вилояти Суғд барои 200 кати табобатӣ сохта шуда, аз лиҳози тарҳ ва имконияти фароҳамгардида дар самти ташхису табобат, камназир аст.
Бунёди бинои нави Маркази саратоншиносии вилояти Суғд моҳи августи соли 2022 оғоз гардида буд.
Фаррух Ҳамрализода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2025
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати хориҷа: Кӣ рафту кӣ омад?
Барои пешгирӣ ва ташхису табобати бемориҳои саратон ба маблағи бештар аз 7 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, харидорӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки иншооти кӯҳнаи марказ ҳануз солҳои 60-уми асри гузашта бунёд шуда, дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 130 кати табобатӣ дорад. Акнун бо бунёди бинои нави марказ шумораи катҳои табобатӣ дар маҷмуъ ба 330 расид.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар дар шаҳи Хуҷанд беморхонаи клиникии рақами 1 ва ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифтитоҳ намуд.
Тавре Хадамоти матбуоти президент хабар додаст, Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рўи лавҳаи рамзӣ бинои нави Беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи “Султон Урунов”-ро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои манбаъ, ба истифодадиҳии бинои нав шуъбаҳои беморхонаи клиникии рақами 1-шаҳри Хуҷанд ба 18 ва катҳои хоб ба 660 расид, ки имконияти фарогирии беморонро бо ташхису табобат васеъ гардонид.
Раҳмон дар Душанбе бинои нави шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2025
Раҳмон дар Душанбе бинои нави шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд.
Дар шуъбаҳои навтаъсиси қабул, эҳё ва наҷот, ҷарроҳиҳои фаврӣ, асаб, урологӣ, амрози занона, осебшиносӣ ва ортопедия шароит ва усулҳои нави табобат роҳандозӣ карда шудааст.
Бо истифода аз шароиту имкониятҳои васеи фароҳамомада ва технологияи муосири таъмингардида акнун дар ин муассисаи тиббӣ ҷарроҳиҳои бариатрикӣ, лапароскопии бемориҳои гурда, чурраҳои ковокии шикам бо усулҳои нав ва ғайра гузаронида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба таври фосилавӣ ду маркази саломатиро дар шаҳраки Меҳргони маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва деҳаи Палдораки деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳар ду маркази саломатӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0