https://sputnik.tj/20251118/taghyiroti-kadri-vazorat-khorija-1073036187.html
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати хориҷа: Кӣ рафту кӣ омад?
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати хориҷа: Кӣ рафту кӣ омад?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тағйироти навбати муоввини аввали вазири корҳои хориҷии кишварро иваз кард. Ба ин вазифа сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА таъйин шуд
2025-11-18T12:06+0500
2025-11-18T12:06+0500
2025-11-18T12:45+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073040393_255:82:1000:501_1920x0_80_0_0_85e9c7e232a162a363a0b3a858a43909.png
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ҳамин тавр маълум шуд, ки сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода чӣ вазифа гирифт. Тибқи фармонҳои президенти кишвар Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Узбекистон озод гардид.Дар ин вазифа Раҳмонзодаро, Насреддин Исматулло, ки қаблан муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд таъйин гардид.Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки Насреддин Исматулло дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад.Ҳамин тавр бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод гадид.Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазифа Ҳамрализода Фаррух, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар ИМА буд таъйин намуд.Ҳамрализода Фаррух дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд ба ҳайси, мушовири президент, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва вазири иқтисод фаъолият намудааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ тағйирот ворид карда буд.Тибқи тағйироти ахир вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз вазифааш барканор шуд ва бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/47782
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/12/1073040393_247:0:968:541_1920x0_80_0_0_3f1f827dbff2be9c30e2b579c5c5445d.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, эмомалӣ раҳмон, вазорати хориҷа, таъйинот
тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, эмомалӣ раҳмон, вазорати хориҷа, таъйинот
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати хориҷа: Кӣ рафту кӣ омад?
12:06 18.11.2025 (Навсозишуда: 12:45 18.11.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тағйироти навбати муоввини аввали вазири корҳои хориҷии кишварро иваз кард. Ба ин вазифа сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ҳамин тавр маълум шуд, ки сафири пешини Тоҷикистон дар ИМА Фаррух Ҳамрализода чӣ вазифа гирифт.
Тибқи фармонҳои президенти кишвар Раҳмонзода Абдуҷаббор – аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Узбекистон озод гардид.
Дар ин вазифа Раҳмонзодаро, Насреддин Исматулло, ки қаблан муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд таъйин гардид.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки Насреддин Исматулло дорои таҷриба ва собиқаи корӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад.
Ҳамин тавр бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Насреддин Исматулло аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод гадид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазифа Ҳамрализода Фаррух, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар ИМА буд таъйин намуд.
Ҳамрализода Фаррух дар сохторҳои мақомоти давлатӣ солҳои зиёд ба ҳайси, мушовири президент, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва вазири иқтисод фаъолият намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ тағйирот ворид карда буд.
Тибқи тағйироти ахир вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз вазифааш барканор шуд ва бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд.