https://sputnik.tj/20251116/kishvardoron-markaz-tamaddun-islomi-toshkand-1072977794.html
Кишвардорони ОМ аз Маркази тамаддуни исломии Тошканд боздид карданд: он чӣ гуна аст
Кишвардорони ОМ аз Маркази тамаддуни исломии Тошканд боздид карданд: он чӣ гуна аст
Sputnik Тоҷикистон
Бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ - Ҳирот тарҳрезӣ шудааст
2025-11-16T10:31+0500
2025-11-16T10:31+0500
2025-11-16T10:31+0500
тошканд
эмомалӣ раҳмон
узбекистон
боздид
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/10/1072977624_0:57:1024:634_1920x0_80_0_0_81e4aaf4793e5aa0ca440caad2352eb4.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои ОМ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд, боздид намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ - Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст.Ба кишвардорон, дар бораи сохтори ин марказ маълумот дода шудааст.Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст.Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад.Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд.Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд.
https://sputnik.tj/20251115/rahmon-mirziyoev-ravobit-tijori-barrasi-1072970764.html
тошканд
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/10/1072977624_61:0:973:683_1920x0_80_0_0_528269e2213745097e488ccd9ac2e6e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, маркази тамаддуни исломӣ, тошканд
раҳмон, маркази тамаддуни исломӣ, тошканд
Кишвардорони ОМ аз Маркази тамаддуни исломии Тошканд боздид карданд: он чӣ гуна аст
Бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ - Ҳирот тарҳрезӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои ОМ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд, боздид намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ - Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.
Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст.
Ба кишвардорон, дар бораи сохтори ин марказ маълумот дода шудааст.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст.
Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад.
Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд.