Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев равобити тиҷориро баррасӣ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с президентом Узбекистана Шавкатом Мирзиёевым
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с президентом Узбекистана Шавкатом Мирзиёевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2025
Обуна шудан
Гардиши савдои Тоҷикистону Узбекистон давоми соли ҷорӣ хуб афзоиш кардааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев равобити тиҷориро баррасӣ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот, ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энержӣ, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
"Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 млн доллар расидааст", - таъкид шуд зимни суҳбати кишвардорон.
Президентҳо қайд карданд, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд.
Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос кардааст.
Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2025
Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд парвоз кард: ҷузъиёт
Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид.
Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд.
Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Лентаи хабарҳо
0