https://sputnik.tj/20251115/shahr-navohi-tobei-jumhuri-limit-barq-jori-1072948893.html
Дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ шудааст, ки риоя намешавад
Дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ шудааст, ки риоя намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энержии Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани реҷаи лимити барқ дар шаҳру навоҳии кишвар ва риоя нашудани он гузориш дод
2025-11-15T10:32+0500
2025-11-15T10:32+0500
2025-11-15T10:32+0500
энергетика
вазорати энержӣ ва саноат
дар тоҷикистон
лимити барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061693535_0:137:3152:1910_1920x0_80_0_0_1fab4fed995f3838fa3765186dcf80a5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.Дар ин ҷаласа, оид ба масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби филиали "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар НТМ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ муҳокима сурат гирифтааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.Таъкид гардидааст, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки дар НТМ, ба ғайр аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ, инчунин дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бояд реҷаи ҷоригардидаи неруи барқ риоя гардад.Ин дар ҳолест, ки то кунун расман дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон хабар ироа нашудааст.Вале, сокинони навоҳии тобеи марказ ва ҳатто дар баъзе маврид бошандагони Душанбе низ, аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд.Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20250908/oyo-zimistoni-imsol-dar-vmkb-limiti-barq-jori-meshavad-posukhi-maqomot-1070939505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061693535_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_649ac9f85e615e5ce1f2ee1c9839e3d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нтм, тоҷикистон, лимити барқ
нтм, тоҷикистон, лимити барқ
Дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ лимити барқ ҷорӣ шудааст, ки риоя намешавад
Вазорати энержии Тоҷикистон аз ҷорӣ шудани реҷаи лимити барқ дар шаҳру навоҳии кишвар ва риоя нашудани он гузориш дод
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа, оид ба масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби филиали "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар НТМ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ муҳокима сурат гирифтааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон гузориш додааст.
Таъкид гардидааст, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Файзобод, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад.
"Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ реҷаи ҷоригардидаи маҳдудияти неруи барқ риоя намегардад. Аз ҷумла, аз баъзе иншооти муҳим, ки доимо бо неруи барқ таъминанд, ба деҳаҳои атроф хатҳои озод кашида шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, дар ҷаласа таъкид гардидааст, ки дар НТМ, ба ғайр аз иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ, инчунин дар муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф бояд реҷаи ҷоригардидаи неруи барқ риоя гардад.
Ин дар ҳолест, ки то кунун расман дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон хабар ироа нашудааст.
Вале, сокинони навоҳии тобеи марказ ва ҳатто дар баъзе маврид бошандагони Душанбе низ, аз қатъ шудани барқ шикоят мекунанд.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ мешавад.