Дар Панҷакент 300 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафт

© AP / Noah BergerПожар на складе. Иллюстративное фото
Пожар на складе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2025
Обуна шудан
Аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 млн сомонӣ молу амволи бозор наҷот дода шудааст
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Дар бозори Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент, 280 нуқтаи фурӯш ва 20 мағоза ба коми оташ рафт.
Сӯхтор шабона тахминан соати 22:33 дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст, хабар медиҳад Раёсати оташнишонии ВКД.
Алангаи оташ масоҳати 792 метри мурабаро фаро гирифта, ба дигар мағозаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ паҳн шудааст.
"Дар вақти азназаргузаронӣ ҷойи ҳодиса муайян карда шуд, ки 280 нуқтаи фурӯши савдо дар зери соябонҳо қарор дошта ва 20 мағозаҳое, ки дар ҳамшафати бозор ба фурӯши молу ашёҳои рӯзғор ва либоса машғул буданд, сӯхта зарар диданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки сӯхтор сотаи 02:30 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Барои хомӯш крадани сӯхтор, 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва 4 адад обкашонии муассисаи истифодабарии роҳҳои шаҳри Панҷакент, бо 87 нафар ҳайати шахси сафарбар шудааст.
Сайвали Шарипов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2025
Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Русия наҷот дод, тоҷик будааст
Бино ба гузориши Раёсати оташнишонии ВКД, аз коми оташ тақрибан ба маблағи 27 млн сомонӣ молу амволи бозори мазкур ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ наҷот дода шуд.
Сабаб ва гунаҳкор аз ҷониби мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0