https://sputnik.tj/20250519/mard-kudak-sukhtor-rusiya-najot-tojik-1067376117.html
Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Русия наҷот дод, тоҷик будааст
Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Русия наҷот дод, тоҷик будааст
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷири меҳнатии тоҷик новобаста аз хатар ба ҷони худ ӯ ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод, гуфтааст Намояндагии Вазорати меҳнат
2025-05-19T11:44+0500
2025-05-19T11:44+0500
2025-05-19T11:44+0500
дар тоҷикистон
дар русия
муҳоҷир
тоҷик
екатеринбург
наҷот
оташсӯзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067375867_79:30:960:525_1920x0_80_0_0_82f4207cd3b1f9c6b440ac393921ed2b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Екатеринбург наҷот дод, зодаи Тоҷикистон будааст.Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъйид кард.Ба иттилои манбаъ, Сайвалӣ Шарифов 14 май, соатҳои тахминан 19:12 ҳангоми харидории доруҳо аз нуқтаи фуруши доруворӣ садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида ба кӯмаки ӯ мешитобад.Маротибаи дуввум марди тоҷик ба даруни оташи гарму сӯхтори шадид ворид гардида, даруни хонаҳои оташгирифтаро ҷустуҷу намуда, кӯдаки хӯрдсол, ки аз гармии оташ ва дуди он беҳолат шуда буд, аз марг наҷот медиҳад. Одамон ва ҳамсоягон бори дигар ба Сайвалӣ муроҷиат карда мегӯянд, ки навраси дигаре низ дар дохили биност."Ӯ аз дуд ва оташи сӯзон тоб наоварда, аз тирезаи хона калаи худро берун намуда, нафаси тоза гирифта, маротибаи сеюм вориди оташи сӯзон мегардад, хушбахтона бо далерию шуҷоат ва истифодаи дурусти айёниятҳои дохилибино тифли саввуминро наҷот дода, ҳангоми гузариши оташ ба хонаи дигар аз даруни оташ берун мешавад",- гуфтааст манбаъ.Намояндагии Вазорати меҳнат ҷасорати муҳоҷири меҳнатии тоҷикро шоистаи таҳсин ва мояи ифтихори инсоният хонда, таъкид намудааст, ки новобаста аз хатар ба ҷони худ ӯ ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод.Ӯ зимни суҳбат ба масъулини намояндагии вазорат гуфтааст, ки ки солҳост дар ноҳияе, ки ҳодиса рух дод зиндагӣ мекунанду ҳама ӯро мешиносанд ва коре, ки анҷом дод, онро барои худ қарз медонад, чун ҳар касе юа ҷойи ӯ буд, чунин рафтор мекард.Қадрдонии муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки зану кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод"Падарам ба ман гуфта буд: "Қарзи ҳар як тоҷик некӣ кардан, нишон додани шуҷоат ва мардонагӣ аст", - мегӯяд худи қаҳрамон.Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати дар Русия ба кумак шитофтани муҳоҷирини тоҷик барои наҷоти афроде, ки дар хатар қарор гирифтаанд нест.
https://sputnik.tj/20250124/rusiya-ronanda-tojik-qadrdoni-kardand-1065991922.html
екатеринбург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/13/1067375867_164:0:864:525_1920x0_80_0_0_6d4eb584afcbecb271f938bec2e41810.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марде кӯдак сӯхтор русия наҷот тоҷик
марде кӯдак сӯхтор русия наҷот тоҷик
Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Русия наҷот дод, тоҷик будааст
Муҳоҷири меҳнатии 32-солаи тоҷик новобаста аз хатар ба ҷони худ ӯ ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод, гуфтааст Намояндагии Вазорати меҳнат
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Марде, ки се кӯдакро аз сӯхтор дар Екатеринбург наҷот дод, зодаи Тоҷикистон будааст.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъйид кард.
Ба иттилои манбаъ, Сайвалӣ Шарифов 14 май, соатҳои тахминан 19:12 ҳангоми харидории доруҳо аз нуқтаи фуруши доруворӣ садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида ба кӯмаки ӯ мешитобад.
"Шарифов ҳангоми наздик шудан ба ҷойи ҳодиса тавассути тиреза ба хона ворид гардида, тифли дар атрофи оташбударо наҷот медиҳад, ки ӯ бо садои хаста ба қаҳрамони мо муроҷиат мекунад, ки “додарам низ дар онҷост”,- афзудааст манбаъ.
Маротибаи дуввум марди тоҷик ба даруни оташи гарму сӯхтори шадид ворид гардида, даруни хонаҳои оташгирифтаро ҷустуҷу намуда, кӯдаки хӯрдсол, ки аз гармии оташ ва дуди он беҳолат шуда буд, аз марг наҷот медиҳад.
Одамон ва ҳамсоягон бори дигар ба Сайвалӣ муроҷиат карда мегӯянд, ки навраси дигаре низ дар дохили биност.
"Ӯ аз дуд ва оташи сӯзон тоб наоварда, аз тирезаи хона калаи худро берун намуда, нафаси тоза гирифта, маротибаи сеюм вориди оташи сӯзон мегардад, хушбахтона бо далерию шуҷоат ва истифодаи дурусти айёниятҳои дохилибино тифли саввуминро наҷот дода, ҳангоми гузариши оташ ба хонаи дигар аз даруни оташ берун мешавад",- гуфтааст манбаъ.
Намояндагии Вазорати меҳнат ҷасорати муҳоҷири меҳнатии тоҷикро шоистаи таҳсин ва мояи ифтихори инсоният хонда, таъкид намудааст, ки новобаста аз хатар ба ҷони худ ӯ ҷони се тифлу навраси русро аз хатар наҷот дод.
Ӯ зимни суҳбат ба масъулини намояндагии вазорат гуфтааст, ки ки солҳост дар ноҳияе, ки ҳодиса рух дод зиндагӣ мекунанду ҳама ӯро мешиносанд ва коре, ки анҷом дод, онро барои худ қарз медонад, чун ҳар касе юа ҷойи ӯ буд, чунин рафтор мекард.
"Падарам ба ман гуфта буд: "Қарзи ҳар як тоҷик некӣ кардан, нишон додани шуҷоат ва мардонагӣ аст", - мегӯяд худи қаҳрамон.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати дар Русия ба кумак шитофтани муҳоҷирини тоҷик барои наҷоти афроде, ки дар хатар қарор гирифтаанд нест.