https://sputnik.tj/20251113/imzo-yoddoshti-tafohum-khatlon-invest-1072881638.html
Дар форуми "Хатлон Инвест - 2025" ба маблағи 900 млн сомонӣ созишнома имзо шуд
Дар форуми "Хатлон Инвест - 2025" ба маблағи 900 млн сомонӣ созишнома имзо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 миллион сомониро ташкил медиҳад
2025-11-13T09:31+0500
2025-11-13T09:31+0500
2025-11-13T09:31+0500
дар тоҷикистон
хатлон
форум
иқтисод
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0c/1072881363_0:179:2048:1331_1920x0_80_0_0_0915d4be9a2271e6a345df32aea0f9ee.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" наздики 30 ёддошти тафоҳум имзо шудааст.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки кори Форум дар се панел баргузор шудааст.Дар панели якум "Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир" Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, оид ба механизмҳои ҷалби сармоя маърӯза кардааст.Ҳамчунин дар форум, имкониятҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ, дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ шудааст.Дар баробари ин, доир ба пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ суханронӣ шудааст.Дар панели дуюм доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: “Made in Khatlon”, таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, баррасӣ шудааст.Дар панели сеюм "Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон", перомуни ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон маълумот пешниҳод шудааст.Пас аз муҳокимарониҳо дар панелҳо, силсилаи мулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар формати В2В баргузор гардидааст.Дар натиҷа, миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ наздик ба 30 ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.Дар ҳошияи форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025", иштирокчиён аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, инчунин Фестивали анор дар шаҳри Норак боздид карданд.
https://sputnik.tj/20251112/bonuvoni-sohibkori-viloyati-khatlon-sohibi-grant-shudand-1072868063.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0c/1072881363_169:0:1986:1363_1920x0_80_0_0_d4ce8ace9d53a7d6da9a9309d7474a66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, ёддошти тафоҳум, "хатлон инвест - 2025"
имзо, ёддошти тафоҳум, "хатлон инвест - 2025"
Дар форуми "Хатлон Инвест - 2025" ба маблағи 900 млн сомонӣ созишнома имзо шуд
Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 млн сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" наздики 30 ёддошти тафоҳум имзо шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки кори Форум дар се панел баргузор шудааст.
Дар панели якум "Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир" Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, оид ба механизмҳои ҷалби сармоя маърӯза кардааст.
Ҳамчунин дар форум, имкониятҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ, дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ шудааст.
Дар баробари ин, доир ба пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ суханронӣ шудааст.
Дар панели дуюм доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: “Made in Khatlon”, таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, баррасӣ шудааст.
Дар панели сеюм "Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон", перомуни ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон маълумот пешниҳод шудааст.
Пас аз муҳокимарониҳо дар панелҳо, силсилаи мулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ дар формати В2В баргузор гардидааст.
Дар натиҷа, миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ наздик ба 30 ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, маблағи умумии лоиҳаҳои тасвибшуда зиёда аз 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳошияи форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025", иштирокчиён аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, инчунин Фестивали анор дар шаҳри Норак боздид карданд.