Бонувони соҳибкори вилояти Хатлон соҳиби грант шуданд

© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти ХатлонТақдими гантҳо ба бонувони вилояти Хатлон
Тақдими гантҳо ба бонувони вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2025
Обуна шудан
Грантҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Ба 14 бонуи соҳибкори вилояти Хатлон аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид грант тақдим гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки грантҳо дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" ба занони соҳибкор дода шудаанд.
Ҳаҷми умумии грантҳои дарёфтшуда 245 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.
Давлаталӣ Саид, ки дар маросими тантанавии супоридани грантҳо суханронӣ карда гуфтааст, ки Ҳукумати кишвар ва президент ба рушди соҳибкории занон аҳамияти махсус медиҳад.
"Мо ифтихор дорем, ки дар Хатлон садҳо зани ташаббускор имрӯз ба эҷоди ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва густариши фаъолияти иқтисодии вилоят саҳм мегузоранд", - гуфтааст ӯ.
Вай афзуд, ки дастгирии молиявӣ дар шакли грантҳои раиси вилоят имкон медиҳад, ки занони соҳибкор фаъолияти худро тавсеа дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ саҳми бештар гузоранд.
Женщины в национальной одежде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2025
Аз 15 то 25 000 сомонӣ: раиси Хатлон ба бонувони ҳунарманд грант ҷудо кард
Феълан дар вилояти Хатлон зиёда аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ки аз онҳо тақрибан 20 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2024-2025 ба 44 нафар занони соҳибкор грантҳои раиси вилоят супорида шудаанд, ки ба рушди бахшҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ равона гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0