https://sputnik.tj/20251113/bozi-khatarnok-komputer-maqomot-tojikiston-1072907661.html
Оё бозиҳои онлайн хатарноканд? Мақомоти Тоҷикистон дар бораи мамнӯъият чӣ фикр доранд
Оё бозиҳои онлайн хатарноканд? Мақомоти Тоҷикистон дар бораи мамнӯъият чӣ фикр доранд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол хатари хосеро аз бозиҳои онлайн дар марокизи компютерӣ ташхис надодаанд
2025-11-13T16:17+0500
2025-11-13T16:17+0500
2025-11-13T16:17+0500
бозиҳои компютерӣ
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0d/1072902752_0:182:3110:1931_1920x0_80_0_0_18b6adb3652d618e0c450d6075d67da1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол хатари хосеро аз бозиҳои онлайн дар марокизи компютерӣ ташхис надодаанд.Дар бархе кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла Индонезия, дар пайи инфиҷор ва захмӣ шудани даҳҳо тифлу наврас дар маркази компютерии як мактаб мақомот ба ин натиҷа расидаанд, ки дастрасӣ ба ин қабил бозиҳоро маҳдуд кунанд. Бахтиёр Нодиров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол чунин як иттифоқи фоҷиаборе дар кишвари мо рух надодааст, аз ин хотир, мо дар бораи рӯи даст гирифтани ягон иқдом фикре ҳам накардаем. Вай афзуд, ба ҷуз ин афроде, ки зери синни 18 ҳастанд, қатъан иҷозаи вуруд ба ин қабил марокизро надоранд ва дар ҳоли ҳузур ёфтани онҳо муҷозот мешаванд. “Ҳам соҳиби маркази компютерӣ муҷозот мешавад, на фақат ҷарима, ки ҳабс мешавад. Ҳам падару модари тифл ё наврас ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон. Ҳузури тифлон ва ноболиғон, бино ба гуфтаи огаҳони ҳол, асосан тариқи Қонуни масъулияти волидайн танзим мешавад, ки бино ба он, онҳо иҷоза надоранд дар марокизи компютериву корхонаҳо ва ҳам масҷид ҳузур ёбанд. Қаблан вазорати дохилаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ ҳушдор дода буд, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зуроваридошта қатъиян манъ аст. Экспертизаи таърихиву фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла бозиҳои "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto" (GTA)-ро, ки “хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ” доранд, манъ кард. Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, таҳти таъсир қарор гирифта, даст ба ҷиноёти мухталиф мезананд. Чанд рӯзи пеш дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия, дар пайи як инфиҷор дар маркази компютерии як мактаб, ки ба бозиҳои видеоӣ ихтисос ёфта буд, 96 талаба захмӣ шудаанд. Раисҷумҳури Индонезия ба идороти зирабт ҳидоят додааст то маҳдуд кардани дастрасӣ ба теъдоде аз бозиҳои онлайнро дар назар бигиранд.
https://sputnik.tj/20240618/artishi-miri-mushon-hamster-combat-kujo-mebarad-1063246683.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0d/1072902752_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f5173e6f07bb2665be0d037532fa60ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозиҳо, хатарноки компютерӣ, тоҷикистон
бозиҳо, хатарноки компютерӣ, тоҷикистон
Оё бозиҳои онлайн хатарноканд? Мақомоти Тоҷикистон дар бораи мамнӯъият чӣ фикр доранд
Эксклюзив
Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, таҳти таъсир қарор гирифта, даст ба ҷиноёти мухталиф мезананд
ДУШАНБЕ, 13 ноя - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол хатари хосеро аз бозиҳои онлайн дар марокизи компютерӣ ташхис надодаанд.
Дар бархе кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла Индонезия, дар пайи инфиҷор ва захмӣ шудани даҳҳо тифлу наврас дар маркази компютерии як мактаб мақомот ба ин натиҷа расидаанд, ки дастрасӣ ба ин қабил бозиҳоро маҳдуд кунанд.
Бахтиёр Нодиров, масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол чунин як иттифоқи фоҷиаборе дар кишвари мо рух надодааст, аз ин хотир, мо дар бораи рӯи даст гирифтани ягон иқдом фикре ҳам накардаем.
“Дар кишвари мо қавонин дар ин боб хеле ҷиддӣ ҳастанд. Масалан, фақат афроди аз 18 – сола боло, яъне болиғ ва соҳиби ақлу фаросат ҳақ доранд, ки ба марокизи компютерӣ раванд ва машғули бозиҳои видеоии онлайн шаванд”, - гуфт Бахтиёр Нодиров.
Вай афзуд, ба ҷуз ин афроде, ки зери синни 18 ҳастанд, қатъан иҷозаи вуруд ба ин қабил марокизро надоранд ва дар ҳоли ҳузур ёфтани онҳо муҷозот мешаванд.
“Ҳам соҳиби маркази компютерӣ муҷозот мешавад, на фақат ҷарима, ки ҳабс мешавад. Ҳам падару модари тифл ё наврас ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”, - гуфт масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Ҳузури тифлон ва ноболиғон, бино ба гуфтаи огаҳони ҳол, асосан тариқи Қонуни масъулияти волидайн танзим мешавад, ки бино ба он, онҳо иҷоза надоранд дар марокизи компютериву корхонаҳо ва ҳам масҷид ҳузур ёбанд.
Қаблан вазорати дохилаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон, махсусан соҳибмулкони марказҳои бозиҳои компютерӣ ҳушдор дода буд, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳн намудани навор ва бозиҳои ғайриахлоқию характери зуроваридошта қатъиян манъ аст.
Экспертизаи таърихиву фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла бозиҳои "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto" (GTA)-ро, ки “хусусияти зуроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ” доранд, манъ кард.
Мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, таҳти таъсир қарор гирифта, даст ба ҷиноёти мухталиф мезананд.
Чанд рӯзи пеш дар шаҳри Ҷакарта, пойтахти Индонезия, дар пайи як инфиҷор дар маркази компютерии як мактаб, ки ба бозиҳои видеоӣ ихтисос ёфта буд, 96 талаба захмӣ шудаанд. Раисҷумҳури Индонезия ба идороти зирабт ҳидоят додааст то маҳдуд кардани дастрасӣ ба теъдоде аз бозиҳои онлайнро дар назар бигиранд.