https://sputnik.tj/20251112/nizom-qosim-raisi-ittifoqi-navisandagoni-tojikiston-intikhob-1072850402.html
Низом Қосим бори севум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
Низом Қосим бори севум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Низом Қосим, шоири шинохтаи тоҷик дигарбораи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
2025-11-12T09:36+0500
2025-11-12T09:36+0500
2025-11-12T09:36+0500
дар тоҷикистон
адабиёт
низом қосим
нависанда
иттифоқи нависандагони тоҷикистон
раҳбар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102359/43/1023594317_0:228:3000:1916_1920x0_80_0_0_6cff20d754fe4d55079d6d7196a0e8a6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Низом Қосим, ки аз соли 2015 инҷониб раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, бидуни рақобат маротибаи сеюм раис интихоб шуд.Маросими баргузории интихоботи раиси нав дар анҷумани 16 - уми Иттифоқи нависандагон (ИНТ) доир гашт.Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикстон бо аксарияти оро ва раъйдиҳии ошкор Низом Қосим дигарбора ҳамчн роҳбар интихоб шуд.Бояд гуфт, ки тибқи оинномаи қаблӣ, як нафар иҷоза надошт, ки беш аз ду маротиба ба ин вазифа интихоб гардад, аммо бо ворид гардидани тағйирот дар оиннома ба Низом Қосим имконият пайдо шуд, ки бори сеюм роҳбари ин иттиҳодия интихоб шавад.Номбурда дар Анҷумани 14 – уми Иттифоқи нависандагон, ки 29 – 30 июни соли 2015 барпо шуда буд, раҳбари ин ниҳод интихоб шуд.Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 16 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меояд.Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад.
https://sputnik.tj/20220509/nizom-qosim-khostori-hamkori-adabi-farhangii-tojikistonu-eron-1048320614.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102359/43/1023594317_144:0:2811:2000_1920x0_80_0_0_fc3f12de18be4765460adb66baf3d525.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низом, қосим, раис, иттифоқи нависандагон, интихоб
тоҷикистон, низом, қосим, раис, иттифоқи нависандагон, интихоб
Низом Қосим бори севум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
Низом Қосим, шоири шинохтаи тоҷик дигарбораи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Низом Қосим, ки аз соли 2015 инҷониб раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, бидуни рақобат маротибаи сеюм раис интихоб шуд.
Маросими баргузории интихоботи раиси нав дар анҷумани 16 - уми Иттифоқи нависандагон (ИНТ) доир гашт.
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикстон бо аксарияти оро ва раъйдиҳии ошкор Низом Қосим дигарбора ҳамчн роҳбар интихоб шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи оинномаи қаблӣ, як нафар иҷоза надошт, ки беш аз ду маротиба ба ин вазифа интихоб гардад, аммо бо ворид гардидани тағйирот дар оиннома ба Низом Қосим имконият пайдо шуд, ки бори сеюм роҳбари ин иттиҳодия интихоб шавад.
Номбурда дар Анҷумани 14 – уми Иттифоқи нависандагон, ки 29 – 30 июни соли 2015 барпо шуда буд, раҳбари ин ниҳод интихоб шуд.
Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 16 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меояд.
Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад.