https://sputnik.tj/20250505/rais-khatlon-bonuvon-hunarmand-grant-judo-kard-1067228899.html
Аз 15 то 25 000 сомонӣ: раиси Хатлон ба бонувони ҳунарманд грант ҷудо кард
Аз 15 то 25 000 сомонӣ: раиси Хатлон ба бонувони ҳунарманд грант ҷудо кард
Sputnik Тоҷикистон
Хаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад. 05.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-05T15:00+0500
2025-05-05T15:00+0500
2025-05-05T15:00+0500
дар тоҷикистон
хатлон
грант
иҷтимоъ
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921665_0:50:3067:1775_1920x0_80_0_0_4abbfcb71c804cd35c873f9317e134a4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба бонувони ҳунарманди ин вилоят грант ҷудо кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.Манбаъ афзуд, қарори дахлдор рӯзи 25 апрел ба тасвиб расид ва ҳадаф аз ҷудо кардани грант ба бонувон ин дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.Маблағи умумии грант 515 ҳазор сомонӣ буда, ба таври зайт бояд тақсимбандӣ шавад:Манбаъ тавзеҳ дод, ки занони хоҳишманд бояд лоиҳаҳои худро барои иштирок ҷиҳати гирифтани гаранти раиси вилоят аз 2 май то 2 июн ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Хатлон пешниҳод кунанд.Гуфта мешавад, лоиҳаҳои пешниҳодшуда муддати ду моҳ аз сӯи комиссия баррасӣ мешаванд. Танҳо 30 лоиҳаи грантии беҳтарин мублағгузорӣ мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта 30 соҳибкорзани Хатлон ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гарнти раиси вилоятро дарёфт карда буданд. Грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардида буд.
https://sputnik.tj/20250301/hunarmandon-tojikiston-grant-prezident-doda-meshavad-1066405973.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057921665_338:0:3067:2047_1920x0_80_0_0_3467ca76401f4b906428485fdef9015a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, грант, иҷтимоъ, давлаталӣ саид
дар тоҷикистон, хатлон, грант, иҷтимоъ, давлаталӣ саид
Аз 15 то 25 000 сомонӣ: раиси Хатлон ба бонувони ҳунарманд грант ҷудо кард
Хаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба бонувони ҳунарманди ин вилоят грант ҷудо кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Манбаъ афзуд, қарори дахлдор рӯзи 25 апрел ба тасвиб расид ва ҳадаф аз ҷудо кардани грант ба бонувон ин дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.
Маблағи умумии грант 515 ҳазор сомонӣ буда, ба таври зайт бояд тақсимбандӣ шавад:
3 грант дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ
7 грант дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ
20 грант дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ
Манбаъ тавзеҳ дод, ки занони хоҳишманд бояд лоиҳаҳои худро барои иштирок ҷиҳати гирифтани гаранти раиси вилоят аз 2 май то 2 июн ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки Хатлон пешниҳод кунанд.
Гуфта мешавад, лоиҳаҳои пешниҳодшуда муддати ду моҳ аз сӯи комиссия баррасӣ мешаванд. Танҳо 30 лоиҳаи грантии беҳтарин мублағгузорӣ мешаванд.
"Ҳаҷми грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақша гирифташуда муайян карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта 30 соҳибкорзани Хатлон ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гарнти раиси вилоятро дарёфт карда буданд. Грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардида буд.