Раҳмон: Робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориро бо кишварҳои минтақаҳои гуногун густариш медиҳем

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял верительные грамоты группы новых послов иностранных государств.
Эмомали Рахмон принял верительные грамоты группы новых послов иностранных государств. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат аз як гуруҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Зимни маросим ба президенти Тоҷикистон сафирони нави Чин, Иттиҳоди Аврупо, Дания, Юнон, Эстония, Гурҷистон, Урдун, Буркина Фасо, Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Раҳбари кишвар таъкид дошт, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули "дарҳои кушода" ташкил медиҳад.
"Дар такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем", — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар дар бораи рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои зерин таъкид кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе Рустам Эмомали  ввели в эксплуатацию новое здание ОВД-1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2025
Раҳмон аз кормандони милитсия хост барои ҳифзи оромиву субот, ҳамеша омода бошанд
Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони навтаъин муроҷиат кард, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.
Кишвардори Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.
Лентаи хабарҳо
0