https://sputnik.tj/20251111/nebenzya-maghlub-kardani-rusiya-bo-dasti-ukraina-ghayriimkon-ast-1072843477.html
Небензя: Мағлуб кардани Русия бо дасти Украина ғайриимкон аст
Небензя: Мағлуб кардани Русия бо дасти Украина ғайриимкон аст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи доимии Русия дар СММ Русия қайд мекунад, ки оташбас ва даргирии мунҷмидшуда дар хатти ҷабҳа сабабҳои аслии низоъро ҳал намекунад
2025-11-11T17:24+0500
2025-11-11T17:24+0500
2025-11-11T17:24+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
василий небензя
украина
амалиёти вижа
оташбас
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068374040_67:71:1079:640_1920x0_80_0_0_896163abf2f37ff80c85f845a08c6daa.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ғарб мефаҳмад, ки бо ёрии Украина наметавонад Русияро мағлуб кунад.Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА “Новости” хабар дод."Ин низоъ на он қадар бо Украина, балки бо Ғарб аст, ки Украина танҳо абзорест, ки онҳо кӯшиш мекунанд тавассути он Русияро мағлуб кунанд. Дуруст аст, ки онҳо ҳоло дар ин бора камтар ва камтар гап мезананд, зеро онҳо дарк мекунанд, ки ин ғайриимкон аст", - гуфт ӯ.Ӯ инчунин афзуд, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп, сарфи назар аз хоҳиши самимии худ барои хотима додан ба бӯҳрони Украина, намефаҳмад, ки низоъ нисбат ба тасаввуроти онҳо хеле амиқтар аст.Вай қайд кард, ки оташбас ва даргирии мунҷамидшуда дар хатти ҷабҳа, ки аврупоиҳо баррасӣ мекунанд, сабабҳои аслии низоъро ҳал намекунанд.Қаблан, сафири Русия дар Белгия Денис Гончар изҳор дошт, ки НАТО аз Украина барои талоши шикасти стратегӣ ба Русия истифода мебарад.Гончар аз Аврупо даъват кард, ки дар ҳалли сабабҳои ин низоъ кумак кунад. Ӯ таъкид кард, ки Украина бояд бетараф бошад ва ба ягон блоки низомӣ ҳамроҳ нашавад ва ҳуқуқҳои аҳолии русзабони кишвар набояд поймол карда шаванд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/47640
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068374040_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_6c9eb5d2244b374c908e0c3462eb650e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, нато, мағлуб, низоъ, оташбаст
русия, украина, амалиёти вижа, нато, мағлуб, низоъ, оташбаст
Небензя: Мағлуб кардани Русия бо дасти Украина ғайриимкон аст
Намояндаи доимии Русия дар СММ Русия қайд мекунад, ки оташбас ва даргирии мунҷмидшуда дар хатти ҷабҳа сабабҳои аслии низоъро ҳал намекунад
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ғарб мефаҳмад, ки бо ёрии Украина наметавонад Русияро мағлуб кунад.
Дар ин бора намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА “Новости” хабар дод.
"Ин низоъ на он қадар бо Украина, балки бо Ғарб аст, ки Украина танҳо абзорест, ки онҳо кӯшиш мекунанд тавассути он Русияро мағлуб кунанд. Дуруст аст, ки онҳо ҳоло дар ин бора камтар ва камтар гап мезананд, зеро онҳо дарк мекунанд, ки ин ғайриимкон аст", - гуфт ӯ.
Ӯ инчунин афзуд, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп, сарфи назар аз хоҳиши самимии худ барои хотима додан ба бӯҳрони Украина, намефаҳмад, ки низоъ нисбат ба тасаввуроти онҳо хеле амиқтар аст.
Вай қайд кард, ки оташбас ва даргирии мунҷамидшуда дар хатти ҷабҳа, ки аврупоиҳо баррасӣ мекунанд, сабабҳои аслии низоъро ҳал намекунанд.
Қаблан, сафири Русия дар Белгия Денис Гончар изҳор дошт, ки НАТО аз Украина барои талоши шикасти стратегӣ ба Русия истифода мебарад.
Гончар аз Аврупо даъват кард, ки дар ҳалли сабабҳои ин низоъ кумак кунад. Ӯ таъкид кард, ки Украина бояд бетараф бошад ва ба ягон блоки низомӣ ҳамроҳ нашавад ва ҳуқуқҳои аҳолии русзабони кишвар набояд поймол карда шаванд.