https://sputnik.tj/20251110/unesko-solgard-robiyai-balkhi-ruykhat-1072796686.html
ЮНЕСКО солгарди Робияи Балхиро ба феҳристи бузургдоштҳо шомил кард
ЮНЕСКО солгарди Робияи Балхиро ба феҳристи бузургдоштҳо шомил кард
Sputnik Тоҷикистон
Шоири машҳури тоҷику форс Робияи Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форс буд
2025-11-10T09:31+0500
2025-11-10T09:31+0500
2025-11-10T11:44+0500
дар тоҷикистон
юнеско
феҳрист
дар феҳрист
бузургдошт
фарҳанг
адабиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072804407_0:236:2260:1507_1920x0_80_0_0_13feb6774d898340efa9370d7d209f02.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст.Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки эътирофи байналмилалии солгарди шоираи Сомониён саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад.Қобили зикр аст, ки шоири машҳури тоҷику форс Робия Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форсӣ, ҳамзамони Рӯдакӣ буд, ки дар давраи Сомониён дар асри X зиндагӣ мекард. Робия ҳам ба забони арабӣ ва ҳам форсӣ эҷод мекард.Ёдрас мешавем, ки пештар Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.
https://sputnik.tj/20251023/panjakent-shahr-jahonii-hunar-suzaniduzi-1072372524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072804407_193:0:2202:1507_1920x0_80_0_0_98eda19bd04cfc01e264de3cdb668329.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
робияи балхӣ, юнеско, рӯйхат
робияи балхӣ, юнеско, рӯйхат
ЮНЕСКО солгарди Робияи Балхиро ба феҳристи бузургдоштҳо шомил кард
09:31 10.11.2025 (Навсозишуда: 11:44 10.11.2025) Шоири машҳури тоҷику форс Робияи Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форс буд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст.
Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки эътирофи байналмилалии солгарди шоираи Сомониён саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
"Бояд қайд кард, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад", - омадааст дар хабарнома.
Қобили зикр аст, ки шоири машҳури тоҷику форс Робия Балхӣ аввалин шоири зани давраи исломӣ дар таърихи адабиёти форсӣ, ҳамзамони Рӯдакӣ буд, ки дар давраи Сомониён дар асри X зиндагӣ мекард.
Робия ҳам ба забони арабӣ ва ҳам форсӣ эҷод мекард.
Ёдрас мешавем, ки пештар Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.
Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст.