https://sputnik.tj/20251023/panjakent-shahr-jahonii-hunar-suzaniduzi-1072372524.html
Панҷакент расман "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" шинохта шуд
Панҷакент расман "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" шинохта шуд
Sputnik Тоҷикистон
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” Панҷакентро ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф кард
2025-10-23T17:29+0500
2025-10-23T17:29+0500
2025-10-23T17:29+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
юнеско
панҷакент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072372201_90:0:890:450_1920x0_80_0_0_72ec911f9cc051f1bbfc02adf4d4c06b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, ки ин иқдом дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон аст.“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Созмони мазкур шаҳрҳоро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар шаҳри Панҷакент нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Маркази мазкур дар маҳаллаи Сои Зебони шаҳр, дар биное, ки солҳо боз истифода намешуд, аз ҷониби ҳунарманд ва соҳибкор Бибинисо Раҳмонова таъсис дода шуд.Намуна ва усулҳои гуногуни ҳунари сӯзанидӯзии дастӣ дар шаҳри Панҷакент таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз низ садҳо нафар бону ба он машғул ҳастанд.
https://sputnik.tj/20250928/romit-mamnugohhoi-unesko-1071564633.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072372201_190:0:790:450_1920x0_80_0_0_c2ed9ec86388791fc0c7b69bbfbe3bed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент, "шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ"
панҷакент, "шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ"
Панҷакент расман "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" шинохта шуд
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” Панҷакентро ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф кард
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Панҷакент, ки яке аз қадимтарин шаҳри Тоҷикистон ба шумор меравад, аз ҷониби "Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ" ҳамчун "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ" эътироф гардид.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш дода, афзудааст, ки ин иқдом дастоварди муҳим дар ҳифз ва рушди мероси бойи фарҳангии Тоҷикистон аст.
"Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сузанидӯзист, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент реша давондааст", - таъкид шудааст дар гузориш.
“Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ” (World Crafts Council) бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад.
Созмони мазкур шаҳрҳоро, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, тавассути унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ” эътироф менамояд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2024 дар шаҳри Панҷакент нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ ба фаъолият шуруъ намуд.
Маркази мазкур дар маҳаллаи Сои Зебони шаҳр, дар биное, ки солҳо боз истифода намешуд, аз ҷониби ҳунарманд ва соҳибкор Бибинисо Раҳмонова таъсис дода шуд.
Намуна ва усулҳои гуногуни ҳунари сӯзанидӯзии дастӣ дар шаҳри Панҷакент таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз низ садҳо нафар бону ба он машғул ҳастанд.