Вазорати нақлиёт аз ронандагон даъват кард, ки дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкАвтомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2025
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар кишвар якбора паст шуда, роҳҳо ях бастанд, ки боиси садамаҳои сершумор гардид
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз бад шудани шароити ҳаракати нақлиёт бинобар номусоидии обу ҳаво ҳушдор медиҳад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорат гузориш додааст.
Қайд карда мешавад, ки дар рӯзҳои охир ҳарорат дар кишвар ба таври назаррас то зери сифр паст шудааст.
Вазорати нақлиёт таъкид кард, ки ҳарорати пасти ҳаво, бинишро дар роҳҳо коҳиш дода, боиси садамаҳои сершумор шудааст.
"Ҳамаи хадамоти роҳдорӣ ба ҳолати омодабош гузаштаанд ва ширкатҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои зидди лағжиш муҷаҳҳаз шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Вазорати нақлиёт инчунин ба ронандагон хотиррасон кард, ки дар ҳолати зарурӣ эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаракатро паст кунанд.
Ронандагон инчунин бояд дар гузаргоҳҳои кӯҳӣ махсусан эҳтиёткор бошанд ва чархҳои тобистонаи худро бо чархҳои зимистона иваз намоянд.
Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хадамоти роҳро ба ҳолати омодабоши пурра гузаронд.
Ронский ледник. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2025
Коршиносон сабаби фурӯ рехтани пиряхи Деҳдалро шарҳ доданд
Фармони дахлдорро вазир Азим Иброҳим дар ҷаласаи вазорат содир кард. Хадамоти матбуот хабар дод, ки ҳамаи ширкатҳои маҳаллии нигоҳдории роҳ бояд таҷҳизот ва маводҳои зидди лаӯжишро барои нигоҳдории роҳҳо дар фасли зимистон таъмин кунанд.
Лентаи хабарҳо
0